Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи манзил гарон мешавад


Дар тайи соли равон шаҳрдории Хуҷанд танҳо як хонаводаи имтиёзнокро бо манзили шахсии якҳуҷра таъмин кард. Инчунин, шаҳрдорӣ бо маблағи худ аз се сол инҷониб як манзили бисёрошёнаи дорои 16-ҳуҷраро барои эҳтиёҷмандон бунёд мекунад. Аммо шумораи эҳтиёҷмандон ба манзили хусусӣ ва қитъаи замин барои манзил дар Суғд, ба хусус дар маркази устон зиёд аст.

Ба гуфтаи Музаффар Раҳимхӯҷаев – мудири шӯъбаи ба ҳасобгирии манзил дар ҳукумати Хуҷанд, 1 400 хонавода барои гирифтани манзили истиқоматӣ ва беш аз 2 500 нафар барои дарёфти қитъаи замин ҷиҳати бунёди хона ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ҳама манотиқи Суғд норасоии манзили зист аз мушкилоти асосии сокинон маҳсуб меёбад ва нархи манзил ва қитъаҳои замин сол то сол боло мераванд. Як корманди оҷонси харидуфурӯши манзил дар Хуҷанд, бо номи «Люкс» бидуни зикри номи худ меафзояд, ки 1 манзили се ҳуҷрадор дар маркази Хуҷанд дар ҳудуди 50 ҳазор доллар ва дар канор 25 – 30 ҳазор ва хонаи дуҳуҷра то 20 ҳазор доллари ИМ арзиш доранд.

Нархи замини холӣ ҳам камтар аз манзил нест. Як сокини ноҳияи Мастчоҳ мегӯяд, шумораи харидорони як пора замин дар ин минтақа аз фурушандагон зиёд аст ва ин омил нархи заминро ҳамвора боло мебарад. Агар дар се сол қабл як қитъаи замини шаш сотихиро ба як ҳазор доллари амрикоӣ харидан мумкин буд, акнун нархи он то ҳафт – ҳашт ҳазор доллар боло рафтааст.

Сокинони миёнаҳоли Хуҷанд мегӯянд, ки нархи манзил барои буҷаи оилавии онҳо қобили қабул нест. Гулҷаҳон, ном як сокини ҷавони Суғд мегӯяд, вай ва шавҳар ва як кӯдаки хурдашон дар манзили иҷора зиндагӣ мекунанд ва умед ба харидани манзили худӣ надоранд. Зеро, меафзояд вай, маоши худаш ва маблағҳое, ки шавҳараш аз мардикории Русия меорад, ба харидани хона намерасад, танҳо ба гузаронидани рӯзгор кифоя мебошаду бас.

Мутахассисин ва таҳлилгарони Суғд камбуди буҷа ва бунёд нашудани биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ аз ҷониби ҳукуматҳои маҳал, ҷудо нашудани қитъаҳои замин барои манзил ба сокинон, нодории аҳолӣ ва гаронии нархи маводи сохтмонро сабабҳои умдаи норасоии манзили зист арзёбӣ мекунанд.

Муҳаррам Очилова – сардори шӯъбаи ба нақшагирӣ ва таҳияи лоиҳа дар идораи сохтмони асосии Суғд мегӯяд, устондорӣ барои таъмини аҳолӣ бо манзил аз соли 2009 ба татбиқи як барномаи бунёди биноҳои истиқоматӣ оғоз мекунад. Ба гуфтаи вай, ин биноҳои истиқоматӣ асосан 1 – 2 ошёна буда, аз ҳама муҳимаш – бо нархҳои қобили қабул ба ниёзмандон фурӯхта хоҳад шуд. Хонум Очилова мегӯяд, боз ба он оилаҳои ниёзманд ҳукумат қитъаҳои замин ҷудо карда истодаанд, ки бо маблағ ва қувваи худаш хона созанд.

Аммо мутахассисин ҳанӯз тарҳи ин биноҳои истиқоматиро рӯи коғаз наовардаанд ва нагуфтаанд, ки аз кадом ҳисоб нархи онҳоро поин хоҳанд бурд.

Ба гуфтаи Музаффар Раҳимхӯҷаев – сардори шӯъбаи ба ҳисобгирии манзил дар ҳукумати Хуҷанд, дар давоми ду соли ахир шаҳрдорӣ барои беш аз 350 хонавода ҷиҳати бунёди манзили шахсӣ қитъаҳои замин ҷудо кардааст. Ӯ меафзояд, ки агар бо ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ дар он қитъаҳо биноҳои ду – се ошёна барои чанд хонавода бунёд карда мешуд, ба ҳалли масъалаи таъмини аҳолӣ бо манзил мусоидат мекард.

Ӯ изофа кард, ки дар бунёди манзил ба сокинони Суғд, ки соҳиби замин шудаанд, як созмони хайриявии ИМ – «Манзили зист» ва ё «Shelter for Life Int.» бо додани вомҳои имтиёзноки дарозмуддат кӯмак мерасонад. Инчунин, ин созмон сохтмони як бинои нимасохти дорои 53 ҳуҷраи истиқоматиро анҷом дода, ахиран ба устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо нархи аз бозор хеле арзон тақсим кард.

Вале дар Суғд шумораи нафароне, ки мисли Гулҷаҳон мехоҳанд соҳиби кулбаи худ шаванд, ҳамқадам бо болоравии нархи манзил рӯ ба афзоиш дорад. Бо чунин мушкил нафароне ҳам, ки барои сохтани хона як пора замин ба даст овардаанд, рӯ ба рӯянд, зеро нархи масолеҳи сохтмон дар бозор хеле гарон аст.

XS
SM
MD
LG