Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод сафари Арманистонро кӯтоҳ кард


Дастгоҳи президенти Арманистон Роберт Кочарян изҳор намуд, ки президенти Эрон Маҳмуди Аҳдмадинажод зиёраташ аз Арманистонро барвақттар хотима бахшида, ба Теҳрон баргашт.

Сухангӯи идораи раёсатҷумҳурии Арманистон Виктор Согомонян гуфт, Аҳмадинажод ба Кочерян иброз дошт, дар Эрон баъзе рӯйдодҳои ғайри қобили пешбинӣ ба вуқӯъ пайвастааст, ки таваҷҷӯҳи фаврии раисҷумҳурро талаб мекунад.

Аммо баъди бозгашт аз Ереван ба Теҳрон Аҳмадинажод гуфт, сафар аз барномаи пешбинишуда бештар тӯл кашид. Тахмин мешуд, ки имрӯз Аҳмадинажод дар ҷаласаи парламенти Арманистон суханронӣ намуда, дар назди муҷассамаи ёдгории қурбониҳои армании туркҳои усмонӣ гулчанбар мегузошт.

Арманистон ин куштори арманиҳо дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳониро генотсид ё худ куштори дастаҷамъӣ меномад.

XS
SM
MD
LG