Сергей Комков, раиси Бунёди омӯзиш ва парвариши Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, ба хотири амнияти фарзандонашон ба волидони ин донишҷуёни тоҷик тавсия додааст, то рӯшан шудани баъзе аз мушкилот Маскаваро тарк кунанд. Оқои Комков гуфт: "Ба сабаби он ки вазъ пешгӯинашавандааст ва боз ҳам дар хобгоҳ нафароне меоянд ва дар бораи бачаҳо суолҳои гуногун медиҳанд, ман ба волидони бачаҳои тоҷик машварат додам, ки онҳоро то рушан шудани баъзе аз мушкилот ба ватанашон баргардонанд."
Ҳамчунин ахиран расонаҳои хабарии Русия гузориш доданд, ки раҳбарияти Донишгҳои давлатии маъмурият донишҷуёни тоҷик Фирдавс Атоев ва Акмал Мухторовро ба сабаби насупурдани як санҷиш аз донишгоҳ хориҷ кардааст. Сергей Комков гуфт, ӯ ва сафорати Тоҷикистон ба вазири маорифи Русия Андрей Фурсенко номае фириста ва аз ӯ хостаанд то дар бахшҳои таҳсилашон барқарор кардани донишҷӯёни тоҷик мусоъадат кунад. Ҷаноби Комков гуфт: "Ман ба вазири маорифи Русия, ҷаноби Фурсенко номае фиристодам, ки дар он хостори назму тартиб дар донишгоҳи давлатиии маъмурият шудам. Ва аз ӯ талаб кардам гуноҳро дар сари донишҷӯён набанданд ва ононро дар ҷои худ барқарор кунанд."
Моҳи июни соли гузашта 6 нафар зердастони сардори шӯъбаи полиси ноҳияи Вихино ба мақсади "ҷазо додани чеченҳо", ки гӯё зани коменданти хобгоҳро ранҷонидаанд, ба хобгоҳ омада тасодуфан ба донишҷуёни тоҷик ҳамла мекунанд. Баъдтар додгоҳи ноҳияи Кузминскии Маскав 3 милисаро, ки дар ин ҳамла ширкат карданд аз ду то 4 сол ба зиндон маҳкум кард. Аз он 6 нафар кормандони полис 2 нафар то ҳоли ҳозир дар идораи полиси ноҳияи Вихино кор мекунанд ва онҳо ҳафтаи гузашта расонаҳои Русия хабар доданд, ки ин кормандони милиса бо ҳамкоронашон дар хобгоҳи донишҷӯёни тоҷик 5 кило маводи мухаддирро пайдо карданд. Аммо сипас гуфта шуд, ки ин маводи мухаддир набудааст ва ба қавли оқои Комков ҳадафи кормандони полис тарсонидани бачаҳо ва ситонидани интиқоми дӯстонашон будааст. Феълан беш аз 5000 ҳазор донишҷӯи тоҷик аз Тоҷикистон дар донишгоҳҳои олии Русия таҳсил мекунанд, ки ба гуфтаи коршиносон полиси фосиди Русия чун муҳоҷирони корӣ онҳоро боздошт ва ба хотири ситонидани ришва азият мекунад