Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигорони тоҷик дар асри иттилоъотии XXI


Дар ин рӯзҳо ба ибтикори «Ҷадид-медиа» як ширкати ғайридавлатӣ дар Лондони Бритонё, ва Конуни байнулмилалии Олимпур дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, барои 20 нафар рӯзноманигорони тоҷик давраи омӯзиши чандрасонаӣ ё мултимедиа идома дорад.

Кормандони варзида ва собиқи ВВС ва як устоди рӯзноманигории чандрасонаӣ аз Конодо ба забонҳои форсӣ ва русӣ ба рӯзноманигорони тоҷик кор дар малтимедиаро меомӯзанд.

Хонум Ёсумани Омирӣ, устоди рӯзноманигории чандрасонаӣ дар Конодо, ки дар ин давраи омӯзишӣ рӯзноманигорони тоҷикро омӯзиш медиҳад, мегуяд, ки интернет ва чандрасонаӣ дар Тоҷикистон қадамҳои нахустини худро бармедорад ва дар ин кишвар феълан барои густариши он талошҳое дида мешавад.

Солҳои ахир, ҳамзамон бо густариши интернет, мултимедиа ё чандрасонаӣ ба яке аз бахшҳои муҳими сомонаҳои интернетӣ дар расонаҳои муҳими дунё табдил ёфтааст. Боқири Муъин, раиси ширкати «Ҷадид-медиа» созмондиҳанда ва яке аз устодони ин давраи омӯзишист.

Ин ҳам дар ҳолест, ки то чанд соли пеш Тоҷикистони бидуни интернет дар муҳосираи иттилоъотӣ қарор дошт. Вале ҳоло бо омадани интернет ин муҳосира шикастааст ва акнун Тоҷикистон метавонад на танҳо аз иттилоъоти ҷаҳонӣ огаҳ шавад, балки худаш низ метавонад барои ҷаҳониён тавассути интернет ё мултимедиа иттилоъ пахш кунад.

Боқири Муъин мегӯяд, даҳ сол пеш дар Тоҷикистон касе бовар надошт, ки интернет ба яке аз василаҳои мукотиба табдил меёбад, вале имрӯз дар муассисаҳои давлатӣ аз имконоти интернет ба таври густарда истифода мекунанд ва ба ин далел хабаргузории чандрасонаӣ низ тадриҷан дар Тоҷикистон мавқеъи худро пайдо мекунад. Ӯ ҳамчунин мегӯяд, аз имконоти малтимедиа на танҳо дар бахшҳои хабарӣ истифода мекунанд, балки бо истифода аз имконоти чандрасонаӣ мардум аз таҳаввулоти нави зиндагӣ дар бахшҳои мухталиф, аз қабили фарҳанг, тиҷрат ва амсоли он низ метавонанд баҳра бибаранд. Боқири Муъин бар ин назар аст, ки бо рушди чандрасонаӣ дар Тоҷикистон ин кишвар метавонад худро бештар ба ҷаҳониён муъаррифӣ намояд.

Абдулмуъмин Шерхонов, корманди хабаргузории «Хатлон-пресс», ки дар ин давраи омузишӣ кор дар малтимедиаро меомӯзад, чунин давраҳоро барои рӯзноманигорони тоҷик судманд мехонад.

Устодони ин давраи омӯзишӣ таъкид мекунанд, ки дар ин давра шеваи истифода аз акс, тасвир ё видию, садо ва матн ҳадафи аслӣ будааст ва хабаригорон дар ин давраи омӯзишӣ усули корҳои мазкурро тамрин кардаанд. Аммо ба гуфтаи онҳо, барои густариши бештари чандрасонаӣ дар Тоҷикистон танҳо як давраи омӯзишӣ кофӣ нест ва ин кор бояд дар оянда дар Душанбе ва дар вилояту шаҳрҳои дигар низ идома пайдо кунад.

XS
SM
MD
LG