Интизор меравад, ки имруз Алӣ Бобоҷон-вазири хориҷаи Туркия аз Бағдод-пойтахти Ироқ боздид ва бо мақомоти ин кишвар тадбирҳои зидди шуришиёни курдро баррасӣ кунад. 12 сарбози Туркияро дар як ҳамлаи фаромарзӣ ҳамин шуришиён ба қатл расондаанд. Бобоҷон гуфтааст, қабл аз амалиёти низомӣ бар зидди шуришиён Туркия барои ҳалли буҳрон ҳамаи роҳҳои дипломатиро истифода мекунад.