Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди ширкатҳои хурд дар Саразм


Бо роҳандозии як барномаи ҷадид дар ҷамоати Саразми ноҳияи Панҷакент 6 корхонаи хурд бунёд гардидааст.

Корхонаҳои навбунёд ба коркарди шолӣ, равганкашӣ, дузандагӣ ва оҳангарӣ машғул буда, беш аз 100 нафар сокинони ин ҷамоатро бо ҷои кори доимӣ таъмин намудаанд.

Барномаи мазкур аз суйи Бонки ҷаҳонӣ амалӣ шудааст. Гуфта мешавад, ҳадафи роҳандозии ин лоиҳа таъмини бештари мардуми минтақа бо ҷои кор, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҷалби занони хонанишин бо ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Тибқи барномаҳои Бонки ҷаҳонӣ дар водии Зарафшон, дар назар аст ҳамчунин дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Айнӣ як қатор корхонаҳои хурд сохта шавад.

XS
SM
MD
LG