Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Лаҳистон ҳизби мухолиф ба пирузӣ наздик аст


Ҳизби мухолифи Сиёсати Шаҳрвандии Лаҳистон дар интихоботи порламонӣ ба пирузӣ наздик шудааст. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ин ҳизб дар интихоботи дируз 44 дарсади оро ва ҳизби ҳоким, яъне Ҳизби Қонун ва Адолати Лаҳистон таҳти раҳбарии нахуствазир Ярослав Кацинский 31 дарсади оро ба даст овардаанд. Нахуствазир бохти худро дар интихобот эътироф кардааст. Мумкин аст ҳизби пируз бо яке аз ҳизбҳои дигар, яъне ё ҳизби Кишоварзони Марказгаро ё ҳизби иттиҳоди чапгаро эътилоф ташкил диҳад.

XS
SM
MD
LG