Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Укроин ба Афғонистон ниру намефиристад


Анатолий Гришенко-вазири дифоъи Укроин гуфтааст, кишвари вай ба Афғонистон нируҳои посдори сулҳ нахоҳад фиристод. Вай ин нуктаро дируз баъд аз мулоқоташ бо Роберт Гейтс-вазири дифъи Амрико дар Киев-пойтахти Укроин изҳор дошт. Ба гуфтаи вай, Амрико аз Укроин дар бораи фиристодани ниру ба Афғонистон дархосте накардааст. Вай афзуд, ба зудӣ ду пизишки низомӣ ва як афсар аз ситоди кулли артиши Укроин равонаи Афғонистон мешаванд. Як пизишки низомӣ, ки ҳоло дар Афғонистон аст, ба Укроин бармегардад. Моҳи декабри соли 2005 Укроин воҳиди маҳдуди низомии худро аз Ироқ низ фаро хонда буд.

XS
SM
MD
LG