Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳони курд нӯҳ сарбози туркро ҳалок намуданд


Имрӯз ошӯбгарони ҷудоихоҳи курд болои як воҳиди низомии Туркия дар назди марзи ин кишвар бо Эрону Ироқ ҳамла карда, нӯҳ сарбози туркро ба қатл расонданд.

Хабаргузории давлатии Анадолуи Туркия навиштааст, ки ҳамла дар минтақаи Юксековаи вилояти Ҳаққорӣ ба вуқӯъ пайваст. Чор рӯз пеш парламенти Туркия ба нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар иҷозат дод, бар зидди ошӯбгарони ҳизби коргари Курдистон, ки дар манотиқи шимолии Ироқ пинҳон шудаанд, амалиёти низомӣ роҳандозӣ намояд.

ИМА ва Ироқ мухолифи амали якҷонибаи Туркия мебошанд, зеро ба ақидаи онҳо амалиёт шимоли Ироқро ноором мекунад.

XS
SM
MD
LG