Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркҳо шеваи интихоби президентро таъин мекунанд


Дар Туркия имрӯз раъйдиҳӣ барои муайян кардани роҳҳои интихоби раиси ҷумҳурии кишвар баргузор мешавад.

Сокинони ин давлат бояд бигӯянд, ки мехоҳанд раиси ҷумҳуриро аз роҳи интихоботи саросарӣ интихоб кунанд ва ё тавассути парлумон.

Ҳизби Адолат ва Тараққиёти нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар оғоз баргузории раъйдиҳии мазкурро ба хотири хатми таниш бо нирӯҳои мухолифин, ки аз гурӯҳҳои дунявии низомии кишвар намояндагӣ мекунанд ва бо номзадии Абдуллоҳ Гул ба вазифаи раиси ҷумҳурӣ мухолифат доштанд, ногузир хонда буд.

Баъди он ки ҳизби Адолат ва Тараққиёт се моҳи пеш дар интихоботи парлумонӣ пирӯз ва Абдуллоҳ Гул ба мақоми раёсатҷумҳурӣ пазируфта шуд, боз ҳам таърихи баргузории раъйдиҳӣ барои шеваи интихоби президент бетағйир монд.

XS
SM
MD
LG