Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Словения президент интихоб мекунад


Ду моҳ пеш аз он ки раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупо ба ӯҳдаи Словения вогузор шавад, ин кишвар имрӯз, 21 октябр барои интихоби раиси нави ҷумҳурӣ раъй хоҳад дод.

Барои гирифтани ҷои Янес Дрновзек ҳафт номзад вориди мубориза шудаанд, ҳарчанд интизор намеравад, ки нафаре аз онҳо тавонад аксари раъйҳоро дар ин давраи аввали интихобот аз они худ кунад.

Дар сафи пеш Лойзе Петерле қарор дорад, ки солҳои 1990-92 нахуствазири аввалин ҳукумати демократии Словения будааст.

Интизор меравад, ки дар ду ҳафтаи дигар вай бо рақибони дигари худ вориди даври дуюми муборизаҳои интихоботӣ шавад.

XS
SM
MD
LG