Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Горбачев ба дифоъ аз демократия қиём кардааст


Имрӯз собиқ президенти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев бо мақсади мубориза бо поймолшавии ҳуқуқи демократии мардум дар Русия як созмонеро поягузорӣ намуд. Аснои ифтитоҳи Анҷумани муассисони Иттиҳоди Сотсиал-Демократҳо дар Маскав Горбачев гуфт, ин гурӯҳ бо равандҳои номатлуби Русия аз ҷумла фасод, фишор болои гурӯҳҳои ғайридавлатӣ ва камбуди баҳсҳои воқеии сиёсӣ дар ин кишвар ҷадал хоҳад кард. Ин ҷумбиши Горбачев ҳизби сиёсӣ намебошад ва дар интихоботи парламентии дар пеш истода сабқат намекунад.
XS
SM
MD
LG