Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти хабарии Беназир Бҳутто


Сарвазири пешини Покистон таркишҳоеро, ки дар масири ҳаракати мошинҳои ӯ рух доданд, маҳкум кард ва кушташудагонро "бозпасин қурбониён"-и роҳи демократия номид.

Вай шумори кушташудагонро 140 нафар номид. Вай гуфт, ҳукумати Покистонро дар ин фоҷиа айбдор намекунад, аммо талаб дорад, таҳқиқи ҷиддӣ сурат бигирад.

Дар нишасти хабарияш рӯзи ҷумъа, Бҳутто шикоят кард, ки бо сабаби хомӯш будани чароғҳо хиёбонҳои шаҳр торик буданд вагарна дидбонҳои ӯ метавонистанд, ҳамлаваронро ошкор кунанд. Вай гуфт: "Ашхоси тарсуе, ки ин сӯйиқасдро пайрезӣ кардаанд, мусулмон нестанд. Ягон мусулмон ба зан ҳамла намекунад. Ягон мусулмон ба мардуми бегуноҳ ҳамла намекунад. Дар ҳоле ки ман дар ин марҳала ҳукуматро айбдор намекунам, вале мо ба таҳқиқ ниёз дорем, ки чаро чароғҳои кӯча хомӯш карда шудаанд."

Беш аз 130 нафар дар таркишҳои зоҳиран худкушона дар масири ҳаракати сарвазири собиқи Покистон Беназир Бҳутто дар Карочӣ кушта шуданд. Хонуми Бҳутто, ки аз инфиҷорҳо осеб надидааст, дар нахустин мусоҳиба шоми дирӯз бо маҷаллаи интернетии "Пари Матч", тарафдорони собиқ раҳбари низомии Покистон марҳум Муҳаммад Зиё-ул-Ҳақро масъули ин ҳамлаҳо номид. Зиё дар соли 1977 бо истифода аз артиш ҳукумати падари Беназир, Зулфиқор Алӣ Бҳутторо сарнагун карда, ду сол баъдаш раҳбари собиқро ба дор кашида буд. Бародари Беназир низ аз тири афсари артиш дар соли 1996 ба қатл расид.

Таркишҳо дар ҳоле рӯй дод, ки Бҳутто пас аз ҳашт соли ҳиҷрат ба ватанаш баргашта буд дар хиёбонҳои Карочӣ пешвозгирандагонашро шодбош мегуфт.

Созмони Милали Муттаҳид, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҳиндустон, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои дигар таркишҳоро дар масири роҳи Беназир Бҳутто маҳкум карданд. Президенти Покистон, Парвиз Мушарраф онҳоро "шабехуне ба демократия" унвон кард. Ҳеч гурӯҳе масъулияти ин таркишҳоро бар дӯш нагирифтааст, вале пеш аз бозгашти Бҳутто тундравони исломӣ эълом дошта буданд, ки ӯро ба ҳалокат хоҳанд расонд.

XS
SM
MD
LG