Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза бо фасоди хурд


Бунгоҳи назорати молӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ аз фаъолияти 9-моҳааш гузориш дод.

Ин манбаъ гуфт, дар рафти санҷишу тафтишҳои анҷомдодааш дар 9 моҳи имсол 84 млн. сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуд, ки дар натиҷа 502 шахси масъул барои камбудиҳои содиркардаашон ҷазои интизомиву маъмурӣ гирифта, 26 нафар аз вазифа сабукдӯш шуданд. Дар маълумоти барои хабарнигорон пешниҳодшуда, аз ҷумла, омадааст, ки дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии идораи давлатӣ, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетии кишвар ин ожонсӣ 462 тафтишу санҷишҳо гузаронида, ба маблағи 17 400 000 сомонӣ (муодили ҳудуди 505 080 доллари ИМА) зарари молиро ошкор кардааст.

Бино бар таҳлили ин ожонсӣ, дар 9 моҳи аввали соли 2007 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зарари умумии молиявӣ ба маблағи 26,1 млн. сомонӣ ва камомаду дуздӣ бо роҳи азхудкунӣ ва исрофкорӣ 24,4 млн. сомонӣ ё 9,4 млн. сомонӣ маротиба зиёдтар ошкор гардидааст. Ҳамагӣ, ба иттилоъи ожонсӣ, аз тарафи он 14,7 млн. сомонӣ барқарор карда шуд (20,57 фоизи зарари ошкоргардида) ва ҳамзамон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 300 маводди тафтишӣ (ба маблағи умумии 55,4 млн. сомонӣ зарар) фиристода шуд. Ҳамчунин бо ташаббуси бевоситаи ин ожонсӣ кумитаи андози кишвар баъди тафтиши фаъолияти андозсупории 35 ширкату корхонаҳои хусусӣ ба маблағи зиёда аз 12,6 млн. сомонӣ ҳолатҳои пинҳонсозии андозро ошкор намудааст. Ҳамин тариқ, дар ин давра ожонсии мазкур дар маҷмӯъ 84 000 000 сомонӣ зарари молиявиро ошкор кардааст.

Аз ин ҳисобот ҳамчунин бармеояд, ки ожонсӣ 278 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хислати коррупсионидоштаро ошкор кардааст, ки 117 адади онро ҷиноятҳои вазнин, 118 ададашро ҷинояти дуздӣ бо роҳи азхудкунӣ ё исрофкорӣ, инчунин 63 ҳодисаи ришвагирӣ (аз ҷумла 52 адад аз ҷониби мансабдорони сохторҳои давлатӣ), ташкил медиҳанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки маблағи умумии зарари моддии марбут ба парвандаҳои ҷиноятии дар истеҳсолоти ин ожонсӣ буда 30,7 млн. сомониро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG