Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду инфиҷор ва куштори чанд нафар дар Карочӣ


Ду инфиҷор дар сари роҳи корвони мошинҳои Беназир Бҳутто-нахуствазири собиқи Покистон замоне рух додааст, ки вай аз фурудгоҳи Карочӣ ба суи гирдиҳамомадагони тарафдораш раҳсипор буд. Хабаргузориҳои Ғарбӣ аз куштори дастикам 20 нафар гузориш медиҳанд. Бино ба гузоришҳо, яке аз ин инфиҷорҳо мошини бамгузоришудае будааст. Имруз садҳо ҳазор нафар ба кучаву хиёбонҳои Карчӣ рехтанд, то аз Беназир Бҳутто-нахуствазири собиқ, ки 8 сол дар табъид ба сар мебурд пазироӣ кунанд. Тундравҳои исломӣ дар остонаи бозгашти Беназир таҳдид карда буданд, ки вайро ба қатл мерасонанд.

XS
SM
MD
LG