Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумрук: Ордро мо гарон накардаем


Хадамоти гумруки Тоҷикистон сару садоҳо дар мавриди афзудани боҷи гумрукӣ аз орду гандуми воридотиро такзиб кард ва гуфт, дар болоравии қимати орд дар бозорҳои кишвар ин хадамот ва ожонси назорати молию мубориза бо фасод дахл надоранд, тавре ки ин иддаоро иддае аз соҳибкорон дар сӯҳбатҳо пеш овардаанд.

Салим Шарифов, як масъули идораи танзими тарофаҳои гумрукии хадамоти гумрук, гуфт, дар қиёс бо кишварҳои ҳамсояи Узбакистону Қирғизистон, қимати орду гандум дар бозори Тоҷикистон арзонтар аст, аммо худи доираҳои тиҷорӣ ба сурати сунъӣ нархи ордро боло мебаранд. Оқои Шарифов гуфт тибқи ҳисоботи таҳлилияшон, ба ҳар як сокини кишвари ҳафтмиллионнафарӣ дар як рӯз як кило орд рост меояд ва ин нишондиҳанда қонеъкунанда будааст.

Оқои Шарифов гуфт, азбаски 95 дар сади орди воридотӣ моли Қазоқистон аст ва қимати орд дар он кишвар имсол ба таври бесобиқа боло рафтааст, дар бозори Тоҷикистон низ нархи орд гарон шудааст. Соли ҷорӣ дар ҳаҷми тақрибан 75 миллион доллари амрикоӣ орду гандум ба Тоҷикистон ворид гардидааст.

XS
SM
MD
LG