Президенти ИМА Ҷорҷ Буш ҳушдор медиҳад, ки дастрасии Эрон ба силоҳи ҳаставӣ метавонад сабабгори сар задани Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ гардад, зеро раисҷумҳури ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод эълон кард, ки мехоҳад Исроилро маҳв намояд. Рӯзи чоршанбе дар Қасри Сафед Ҷорҷ Буш гуфт:
"Агар Эрон дорои аслиҳаи ҳаставӣ гардад, сулҳи олам бо таҳдид рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Дар Эрон раҳбаре сари қудрат омадааст, ки мегӯяд, мехоҳад Исроилро маҳв намояд. Аз ин рӯ, ман ба мардум гуфтам, агар Шумо мехоҳед аз Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ пешгирӣ намоед, ба фикрам шумо бояд аз дастрасии онҳо ба дониши зарурӣ дар тавлиди силоҳи ҳаставӣ ҷилавгирӣ кунед."
Президенти ИМА гуфт, ӯ мунтазири сӯҳбат бо президенти Русия Владимир Путин аст, ки ҳафтаи равон дар Теҳрон бо президенти Эрон ҳамсӯҳбат шуда буд.
Путин мегӯяд, шаҳодате дар даст нест, ки иттиҳоми талоши эрониҳо ба тавлиди силоҳи ҳаставиро собит кунад.
Эрон борҳо таъкид кардааст, ки фанновариҳои ҳаставиро бо ҳадафҳои осоишта истифода хоҳад бурд. Ҷумҳурии Исломӣ ҳушдори президент Бушро ҳамчун "ҷанги равонӣ" арзёбӣ менамояд.