Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари Эрон барои ҷаҳон аз нуқтаи назари Ҷорҷ Буш


Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки Эрони дорои аслиҳаи ҳастаӣ ҷаҳонро ба севвумин Ҷанги Ҷаҳонӣ мебарад, зеро Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон эълон кардааст, ки мехоҳад Исроилро ба хок яксон кунад. Ҷорҷ Буш дар нишасти хабарие дар Кохи Сафед гуфт: "Агар Ирон соҳиби аслиҳаи ҳастаӣ шавад, дар он сурат барои сулҳи сайора хатар пеш меояд. Мо дар Ирон раҳбареро мебинем, ки мегуяд, Исроилро ба хок яксон мекунад. Ба ин хотир ман ба мардум гуфтам, ки агар шумо мехоҳед аз севвумин Ҷанги Ҷаҳонӣ эмин бимонед, афроде мисли шумо бояд алоқаманд бошанд, ки аз донишҳои зарурии иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ ҷилавгирӣ кунанд".

Буш афзуд вай интизор аст, ки Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар бораи дидору гуфтугуҳояш бо раиси ҷумҳури Эрон бо вай гуфтугу хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG