Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Дунёи Иқтисод»: Аз Буҷаи иҷтимоӣ то Буҷаи рушд


Порлумони Тоҷикистон ба баррасии тарҳи буҷаи давлатии соли 2008 шурӯъ кардааст. Дар буҷаи соли нав ба кадом соҳаҳо авлавият дода мешавад ва кадом риштаҳо барои буҷаи 2008 камаҳамиятанд? Интизор меравад, ки Буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли оянда мисли се соли пеш ҳам иҷтимоӣ хоҳад буд. Кай Тоҷикистон аз Буҷаи иҷтимоӣ ба Буҷаи Рушд мерасад?

Қарор аст, дар моҳи ноябр вакилони Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, Буҷаи соли 2008-ро қабул кунанд. Дар ҳоли ҳозир, лоиҳаи буҷаи соли оянда дар кумитаҳои порлумони кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад. Буҷаи давлатии соли 2008-и Тоҷикистон тақрибан 1 миллиарду 300 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод.

Ин маблағ бештар аз 30 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст, ки дар соли ҷорӣ ҳаҷми он 12 миллиарду 200 миллион сомонӣ ва ё муодили 3 миллиарду 500 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Ва аммо дар соли оянда пешбинӣ мешавад, ки маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ ба марзи 15 миллиард доллари амрикоӣ наздик мешавад. Мақомоти Тоҷикистон дар шарҳи сабаби афзоиши буҷаи соли 2008 мегӯянд, сармоя ва қарзи хориҷӣ низ ба қисмати даромадҳои давлатӣ ворид мешавад.

Ва аммо ҷалби сармоя ва қарзҳои хориҷӣ, оё таъсири манфӣ ба иқтисоди кишвар намерасонад, дар ҳоле ки феълан қарзи давлатии Тоҷикистон тақрибан 900 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ва оё чӣ миқдор маблағ аз буҷаи давлат барои коҳиши қарзи хориҷӣ ихтисос дода мешавад?

Ҳамаи ин баҳсро дар барномаи навбатии «Дунёи иқтисод» бишнавед. Дар ин барнома ҳамчунин

Гузоришҳое аз минтақаҳои Тоҷикистон дорем:

Хатлон:

Бо гузашти беш аз як моҳ аз афзудани қимати орду гандум дар бозорҳои Тоҷикистон, ҳанӯз ҳам мушоҳада мешавад, ки нархи ин ва маводи дигари хӯрока, мисли равғани растанӣ, поин нарафтааст ва имрӯз ҳам чун як моҳи пеш як халта орди навъи якуми тавлиди Қазоқистон, барои мисол, дар бозорҳои ҷануби кишвар аз 110 то 120 сомонӣ арзиш доштааст.

Миёни мардум чунин сару садоҳо низ паҳн шудаанд, ки болоравии нархҳо аслан ба шиддат гирифтани кори Ожонси нави назорати молию мубориза бо фасоди Тоҷикистон иртибот дорад, чун ба гуфтаи онҳо, ин ниҳод аз қочоқи маводди хӯрока ҷилавгирӣ карда ва ба ин восита, пеши роҳи воридоти ғайриқонунии орду гандуми хориҷиро гирифтааст.

Хуҷанд:

Ниҳоятан қимати орди Қазоқистон дар бозори маҳаллӣ аз 110 сомонии ҳафтаи гузашта то 90 сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Ҳамзамон мақомоти Суғд аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардааст, то андоз аз арзиши изофашуда ва боҷи гумрукӣ, ки дар маҷмӯъ 25 дар сад аз арзиши аслии орду гандуми воридотиро ташкил медиҳад, муваққатан кам ё аслан бекор карда шавад.

Панҷакент:

Парвариш ва фурӯши тамоку дар Панҷакент ба соҳаи сад дар сад зиёновар табдил ёфтааст.

Хоҷагиҳои кишоварзие, ки ба парвариши тамоку машғул буданд, ҳоло тақрибан касод шуда ва дар назди идораҳои молиёт ва обу обёрӣ наздики ду миллион доллари амрикоӣ қарздор шудаанд, ки ин маблағ барои хоҷагиҳои як ноҳияи канории Тоҷикистон маблаги андак нест.

XS
SM
MD
LG