Муовини аввали раиси шаҳри Хоруғ Абдулло Холиқназаров дар робита ба ин қазия мегӯяд, ин хонаводаҳо ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта баъди даргириҳои дохилӣ аз дигар манотиқи кишвар ба шаҳри Хоруғ кӯчидаанд ва биноҳои идораву муассисаҳои давлатиро ҷои иқомати худ қарор додаанд.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки баъд аз истиқрори сулҳ бештари гурезаҳо ба макони зисти доимии худ баргаштаанд, аммо наздики 50 хонавода ҳанӯз ҳам дар биноҳои муассисаҳои давлатӣ зиндагӣ мекунанд ва акнун ҳукумат маҷбур аст онҳоро берун созад. Ба гуфтаи А. Холиқназаров, ҳукумати шаҳр феълан имкони бо замин ва манзили зист таъмин кардани ин 30 хонаводаро надорад.
Гуфта мешавад, дар давоми 9 моҳи соли равон беш аз ҳазор сокини Хоруғ барои дарёфти манзили нав ба ҳукумати шаҳр муроҷиат кардаанд, вале бо сабаби набуди имкон талаби ҳеҷ як аз ин шаҳрвандон иҷро нашудааст.
Дар ҳамин ҳол ин хонаводаҳо имкони бозгашт ба макони зисти доимиашонро низ надоштаанд. Бино бар ҳикояти як ҷавонмарди бадахшонӣ бо номи Шодибек, ки мегӯяд ҳамроҳ бо се бародараш тақрибан 15 сол дар яке аз кӯдакистонҳои шаҳри Хоруғ иқомат доштааст, манзили ӯро дар шаҳри Душанбе дар ибтидои даргириҳои маълуми кишвар афроде ишғол карда, баъдан ҳам онро ба ашхоси дигар фурӯхтаанд.
Вазъи феълии аҳли ин хонаводаҳо ҳамоно номаълум боқӣ мемонад.
слив и вранье
Хамон кадар илм пеш равад хамон кадар мардум зарар мебинад, маслан илми тиб, хамон кадар пеш рафтааст мардум хам хамон кадар бемор хастан, хама Холи касали канд, дил по дард Спид, шидагияй
Рахмонов ин кадар вохима накун. Ту бар зидди коронавирус ягон вакцина надошти. Касе имунитет бокувват дошт сихат шуд. Касе надошт мурд. Аввал Худо аст. Ту аз нагузарон ки хамаи чи дар туст. Ин чархи гардон дар гардиш аст ва хар сония тагйир меёбад.
Агар ки вирус набоша ба чува дар Толори Мачлис хамаи ба никоб бдан? гайри Рахмонуф! дуругай и гапо, вирус хастай, дар як кушлоки мо дар Ш. Вахдат, зиёда аз 300 нафар ба вирус фавтиданд, омори Хукумати Рахмонуф нодуруст хаст!!!
Бале дуруст кайд кардед. Ин гуна сенарияхоро дар филми хинди дидан мумкин буд, ки Господин Радж бо одамонаш омада хонаи кадом камбагалеро поймолу тороч мекард.