Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

40 хонавода аз Бадахшон ба Хатлон кӯчид


Ба иттилоъи мақомоти шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ВМКБ, тайи 9 моҳи ахир беш аз 40 хонавода аз вилояти Бадахшон ба навоҳии вилояти Хатлон кӯчонида шуданд.

Ба гуфтаи Доноршо Кабутаршоев, намояндаи ин идора, барои ин хонаводаҳои бадахшӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон 8 ҳектор замин ҷудо карда шудааст.

Ӯ ҳамчунин мегуяд, дар назар ас, ки то соли 2010-ум беш аз 400 хонавода аз Бадахшон ба навоҳии Хатлон кӯчонида шавад.

XS
SM
MD
LG