Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи хабарнигорон боз ба таъвиқ афтод


Имрӯз мурофиъаи додгоҳии хабарнигорони собиқи ҳафтаномаи "Овоза" Саида Қурбонова, Фарангис Набиева ва Муҳайё Нозимова, ки ба ҷурми таҳқири шахсияти овозхон Райҳона Раҳимова айбдор мешаванд, дубора ба таъхир афтод.

Гуфта мешавад, раиси ин мурофиъаи додгоҳӣ Акбаралӣ Сафаров бо дархости хабарнигорони айбдоршаванда дар робита ба ин қазия таҳқиқоти забонӣ ё лингвистиро таъйин намуда, ҷаласаи додгоҳро ба таъвиқ андохт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки як ҳафта қабл мурофиъаи додгоҳӣ бо сабаби дар он ҳузур надоштани айбдоркунанда доир нагардида буд.

XS
SM
MD
LG