Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Э. Раҳмон ба Хатлон


Имрӯз, 16-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сафари якрӯзаи корӣ ба Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, рафт.

Гуфта мешавад, ӯ дар ҷамъомади фаъолон, ки ба натоиҷи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли ҷорӣ бахшида шудааст, ширкат мекунад. Дар ҳамин ҳол имрӯз роҳҳои Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ки аз он корвони мошинҳои, ба истилоҳ, президентӣ мегузашт, барои ҳаракати тамоми нақлиёти шаҳр баста гардид.

Баъд аз ду рӯзи иди Фитр, имрӯз ҳам бозорҳои калонтарини пойтахт «Саховат» ва «Корвон», ки дар масири сафари раисиҷумҳур воқеъ гардидаанд, ғайри интизори тоҷирону муштариёнашон таътил шудаанд.

XS
SM
MD
LG