Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футбол: бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии кишвар


Бозиҳои даври навбатии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар майдони худ бар дастаи «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи 2:0 пирӯз шуд. «ХИМА»-и Душанбе низ меҳмони худ дастаи «Гвардия»-и Душанберо бо ҳисоби 4:0 мағлуб сохт. Дастаи «Вахш» дар Қӯрғонтеппа CSKA «Помир»-и Душанберо бо натиҷаи 2:0 шикаст дод.

Бад-ин тартиб, «Регар»-ТадАЗ бо 39 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Парвоз» (ноҳияи Б. Ғафуров) бо 36 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад. Ин ҳам дар ҳолест, ки футболбозони шаҳри Турсунзода 2 бозӣ камтар анҷом додаанд. «Вахш» бо 30 имтиёз аз 16 дидор дар зинаи севуми ҷадвали мусобиқот ҷой гирифтааст. Намояндаи дигари шаҳри Қӯрғонтеппа – «Тоҷиктелеком» бо 27 имтиёз (аз 16 бозӣ) дар радифи 4-ум мавқеъ дорад.

«Хуҷанд» бо 25 имтиёз (аз 15 дидор) дар ҷои 6-ум мебошад.

Ҳамин тариқ, дар бозиҳои боқимонда дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Парвоз» барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ ва дастаҳои «ХИМА», «Вахш», «Тоҷиктелеком» ва «Хуҷанд» барои ба даст овардани медалҳои биринҷии мусобиқот талош меварзанд.

XS
SM
MD
LG