Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони Каримов ҳаққи пешбарии номзад доранд


Дар Узбакистон шаш гурӯҳи ҷонибдор аз президент Ислом Каримов ҳаққи пешбарии номзад ба интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишварро касб намудаанд. Дар интихоботи президентии Узбакистон, ки 23 декабр доир мешавад, гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат иштирок нахоҳанд кард. Раҳбарони гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Узбакистон дар ғурбат ба сар мебаранд. Каримов, ки наздик ба бист сол инҷониб раёсатҷумҳурии Узбакистонро бар дӯш дорад, то ҳанӯз нагуфтааст, ки дар сабқати президентӣ иштирок хоҳад кард ё не?

Имрӯз Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон гуфт, ки панҷ ҳизб ва як гурӯҳи ташаббускор имкон доранд довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ пешбарӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG