Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се иқтисоддони амрикоӣ ҷоизаи Нобел гирифтанд


Иқтисоддонҳои амрикоӣ Леонид Ҳурвитс, Эрик Маскин ва Роҷер Майерсон ба хотири "поягузории назарияи механизми тақсимот" ба гирифтани ҷоизаи имсолаи Нобел дар соҳаи иқтисод ноил гаштаанд.

Академияи улуми салтанатии Шветсия мегӯяд, назарияи механизми тақсимот ба иқтисодшиносон имкон медиҳад, ки вазъи бозор ташхис шавад.

Ба қавли Академия имрӯз ин назария дар бахшҳои мухталифи иқтисод ва улуми сиёсӣ нақши муҳим дорад.

Соли 1895 вақте тақдими ҷоизаҳои Алфред Нобел шурӯъ шуда буд, дар он бахши иқтисод вуҷуд надошт. Соли 1968 барои аввалин бор Риксбонки Шветсия ба ёди Алфред Нобел ҷоиза барои дастовард дар бахши иқтисодро муаррифӣ намуд.

XS
SM
MD
LG