Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози таҳқиқи ҳалокати 4 сарбози тоҷик


Аскарбачаҳои тоҷик саф бастаанд (Бойгонӣ)
Аскарбачаҳои тоҷик саф бастаанд (Бойгонӣ)

Додситонии низомии Тоҷикистон таҳқиқи марги 4 сарбози тоҷикро оғоз кардааст, ки онҳо пас аз ду соли хидмат дар сафи артиши кишвар ҳангоми бозгашт ба назди волидони худ бар асари як садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расиданд.

Алихон Ҳувайдуллоев, муовини додситони низомии Тоҷикистон, изҳор дошт, ҳанӯз доир ба ин қазия, ки артишу Вазорати дифоъи Тоҷикистонро шармсор кард, чизе гуфтан зуд аст, вале дар сурати собит гардидани гуноҳи масъулин, ба онҳо 12 соли зиндон таҳдид мекунад: «Тафтиш тоза шурӯъ шуд. Ҷасади сарбозони ҳалокшударо волидонашон диданд. Дар ин робита парвандаи ҷиноӣ боз мегардад. Агар гуноҳ исбот шавад, барои гурӯҳи ашхосро аз ҳуқуқи зиндагӣ маҳрум кардан, албатта, тибқи қавонини кишвар на бештар аз 12 соли зиндон пешбинӣ шудааст».

Сухангӯи Вазорати дифоъи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев мегӯяд, қазияи сарбозони кушташуда як ҳодисаи нохуш аст, на бештар аз он. Аммо ба назари ӯ, қисми низомие, ки сарбозон дар онҷо хидмати худро адо кардаанд, муваззаф буд онҳоро бо роҳкиро ва пӯшоки тоза таъмин ва гусел намояд: «Вақте сарбоз ба хизмати ҳарбӣ даъват мешавад, масъулони кумисориёи ҳарбӣ вазифадоранд, ки онҳоро то қисмҳои низомӣ бирасонанд. Пас, вақте сарбозон хизматро ба анҷом мерасонанд, онҳо аз ҷониби масъулони қисмҳои низомӣ ҳатман то минтақаи зисташон гусел карда мешаванд. Рости гап, ҳатто дар замони ҷанги шаҳрвандӣ чунин ҳодиса мушоҳида намешуд».

Дар ҳамин ҳол, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, вақте бародарзодааш аз хидмати ҳарбӣ озод шудааст, роҳкирои ӯ аз Душанбе то Истаравшанро на қисми ҳарбӣ, балки худи ӯ пардохтааст.

Аммо ҳуқуқдон Шуҳрат Қудратов мегӯяд, аслан, қисмҳои низомӣ бар заминаи қавонини ҷории Тоҷикистон уҳдадориҳои хос надоранд, ки сарбозони адои хидматкардаро то манзили зисташон бирасонанд. Вале, мегӯяд ӯ, то замони ба назди волидони худ саломат расидани онҳо масъулони қисмҳои низомӣ кафили амну бехатарии сарбозони худ боқӣ мемонанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҷавобгар низ хоҳанд буд.

Дар ҳоле ки ин фоҷиъа рух дод, васоити ахбори Тоҷикистон доир ба он мегуфт, ки чи гуна ҷавонони тоҷик бо майлу хоҳиши худ ба сафи артиш мераванд. Телевизиюнҳои давлатӣ, ки аз вуқӯъи ин фоҷиъа иттилоъ надоданд, маъракаи сафарбарии ҷавононро нишон доданд, ки пеш аз ба хидмати ҳарбӣ рафтан мерақсиданд, агарчи дар чашмони волидони онҳо тарс дида мешуд, на нишони хурсандӣ.

Ба ин тартиб, бештари таҳлилгарон мегӯянд, қазияи марги чаҳор сарбози вазорати дифоъ ва ҷароҳати сангин бардоштани 10 сарбоз ва 2 афсари дигар саҳлангории ниҳодҳои қудратии кишвар дар амри эҳтиром гузоштан ба хидмати ҳарбиро нишон медиҳад ва дигарбора эътимоди падарону модаронро дар роҳи гусел ба сафи артиш кам мекунад.

Ёдовар мешавем, ки 4 сарбози нерӯи низомии Тоҷикистон рӯзи 11 –уми октябр дар роҳи Рашт – Душанбе ба ҳалокат расида, 12 нафари ҳамхидматони он захми шадиди ҷисмонӣ бардошта буданд.

XS
SM
MD
LG