Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду сарбози эътилофӣ дар Ироқ


Низомиёни амрикоӣ эълом карданд, ки бар асари як ҳамлаи ғайримустақим ба як пойгоҳи азими онҳо дар шаҳри Бағдод ду сарбози нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида кушта шудаанд ва 38 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба гузоришҳо ба пойгоҳи Озодӣ дар наздикии пойтахти Ироқ бо истифода аз минамёт ҳамла кардаанд. Доир ба ҳуввияти сарбозони кушташуда иттилоъе нашр нашудааст. Дар пойгоҳи мазкур ҳамроҳ бо сарбозони амрикоӣ теъдоди каме аз нерӯҳои кишварҳои дигар низ мустақар будаанд.

XS
SM
MD
LG