Раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи дурнамои ҳамкориҳои Қазоқистону Тоҷикистон ҳарф зада гуфт, ки имрӯз ҳарду кишвар захираву имконоти бузург ҷиҳати ҳамкорӣ дар риштаҳои тиҷорат, нафту гоз ва илму фарҳанг доранд.
Ин изҳороти Назарбоев дар ҳоле садо медиҳад, ки саҳми ширкатҳои Қазоқистон дар иқтисодиёти Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дорад. Чунончи, ҳолдинги мавсум ба «Алина»-и Қазоқистон қасд дорад дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди масолеҳи сохтмонӣ бунёд бикунад. Ба иттилоъи Вазорати энержию саноати Тоҷикистон, ҳолдинги мазкур барои сохтмони корхонаи тавлидотӣ дар конҳои истихроҷи мармару гаҷи ин кишвар изҳори омодагӣ кардааст. Ширкати қазоқӣ азм дорад барои иҷрои ин тарҳ 20 миллион евро масраф намояд. Ба ҷуз ин «Алина-Ҳолдинг» ваъда додаст, ки дар ин корхона ба 400 сокини маҳаллӣ ҷойи кор медиҳад. Феълан ин масъала мавриди баррасии Вазорати энержию саноати Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Муносибатҳои ҳасанаи Тоҷикистон ва Қазоқистонро на танҳо узвияти ду кишвар дар созмонҳои зиёди минтақаӣ, балки фаъолияти густардаи сафири собиқи Тоҷикистон дар Қазоқистон Акбаршо Искандаров, мавҷудияти маҳфилҳои зиёди тоҷикон дар Қазоқистон, ҳамкории олим ва адибони тоҷик Сафар Абдуллоҳ, Қодир Рустам, овозхони шаҳир Далери Назар бо аҳли фарҳанги қазоқ заминагузорӣ кардааст.
Ин даъвои шумо ба Кулоб чи дахл дорад?
О мардуми гаранг 124 дигарашро дар хонаи сарварон насб мекунанд. Ҳаминро магар дарк карда наметавонед!
мухтарам намоядагони радиои озоди аввалан салом ба Шумо баьдан барои чи раиси нохияи Чайхун Одиназода Абдулхафиз карорхои шахрвандонро имзо намегузорад.
Дар нохияи Чайхун барои чи карорхоро раиси нохия имзо намегузорад
Хуб карданд, ки каллобро дастгир карданд, аммо бовари дорам, ки ин додситон мутаваллиди нохияхои афзалятдошта нест. Махалгарои хиёнат ба халку ватан аст. Махалгарои, ин тафрикаандози байни милдати точик аст. Дар Дангара магар каллоб нест? Хамаро бо як чашм нигаред мухтарам "давлатдорон"!