Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 4 сарбоз дар як садамаи автомобилӣ


شمارش آرا انتخابات آمریکا در بخش هایی از ایندیانا آغاز شده است.
عکس از AFP
شمارش آرا انتخابات آمریکا در بخش هایی از ایندیانا آغاز شده است. عکس از AFP

Бар асари як садамаи автомобилӣ дар мавзеъи Навдонаки ноҳияи Нуробод, 155-километрии пойтахти Тоҷикистон, 4 сарбози нирӯҳои мусаллаҳ кушта ва зиёда аз 12 нафари дигар шадидан захмӣ шудаанд.

Хабарнигори родиюи «Озодӣ» дар минтақаи Рашт хабар дод, ки 16 сарбози Вазорати дифоъи Тоҷикистон пас адои хизмати аскарӣ дар роҳи Рашт – Душанбе ба мошини КамАЗ, ки ҳомили 5 тонна картошка будааст, савор мешаванд. Дар нимаи роҳ мошин дучори садама мегардад.

Аммо комиссариати низомии ноҳияи Рашт мегӯяд, ки дар амри гусели аскарон тибқи қавонини ҷории кишвар қисми ҳарбие, ки дар он адои хидмат шудааст, муваззаф мебошад. Ва ин қисми ҳарбӣ вазифадор аст, ки аскарони адои хидмат кардаро аз ҷои хидмат то манзили зисти онҳо гусел кунад.

XS
SM
MD
LG