Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо аз олами варзиш


FIFA феҳристи 30 номзад ба унвони беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2007-ро эълон кард.

Миёни онҳо, аз ҷумла, барандаи ҷоизаи соли гузашта Фабио Каннаварои итолиёӣ, Криштиану Роналдуи португолӣ, Роналдинёи бразилӣ, Тюрами фаронсавӣ, Клозеи олмонӣ, Террии инглис, ван Нистелройи ҳуландӣ, Маркеси мексикӣ ва Мессии аргентинӣ ҳастанд.

Ҷоиза ба беҳтарин бозигари ҷаҳон дар маросими махсуси Федеросюни байнулмилалии футбол 17-уми декабр дар шаҳри Сюрихи Суис супурда хоҳад шуд.

Шаби 13-уми октябр дар кохи варзиши «Мегаспорт»-и Маскав сабқати қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс дар вазни сангинтарин байни Султон Иброҳимов (Русия) ва Эвандер Ҳолифилд (ИМА) баргузор мешавад.

Ин қувваозмоиро, ки соати 12-и шаб ба вақти Душанбе оғоз меёбад, мухлисони бокси 120 кишвар метавонанд тавассути телевизион тамошо кунанд.

Бозиҳои махсуси ҷаҳонии соли 2007 дар шаҳри Шонгҳойи Чин ба анҷом расиданд.

Рақобатҳо дар 21 ришта ва бо ширкати беш аз 7 500 варзишгари маълул аз 169 кишвари ҷаҳон баргузор шуданд.

Гуфта мешавад, дар ин бозиҳо 16 варзишгари Тоҷикистон низ дар навъҳои футболи хурд, варзиши сабук ва тенниси рӯимизӣ иштирок намуданд.

XS
SM
MD
LG