Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исрори Туркия ба амалиёти фаромарзии зидди курдҳо


Реҷеп Тейип Эрдуғон-нахуствазири Туркия гуфтааст, дархост дар бораи анҷоми амалиёти фаромарзӣ бар зидди шуришиёни курд дар шимоли Ироқ мумкин аст субҳи ҳамин руз ба порламони Туркия фиристода шавад. Оқои Эрдуғон гуфт, мо интизор будем, ки ин дархостро рузи душанбе ба порламон бифиристем, яъне баъд аз иди моҳи шарифи Рамазон. Ин дархост амалиёти фаромарзиро барои муддати як сол иҷоза хоҳад дод. Аммо Амрикову Иттиҳодияи Аврупо ва Руссия ба Туркия аз омодагиаш ба амалиёти фаромарзӣ дар қаламрави Ироқ ҳушдор додаанд.
XS
SM
MD
LG