Ҳусайн Шокиров, раиси Кумитаи дини ҳукумати вилояти Хатлон, ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар ин робита аз ҷониби мақомот дастури мушаххасе сурат нагирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим аз ҷониби баъзе аз волидайн ва имом-хатибони маҳаллӣ гирифта шудааст.
Ҷаноби Шокиров гуфт, бо рафтан ба масоҷид наврасон шариати исломиро риоят намекардаанд ва ба ибодати калонсолон халал мерасонидаанд. Ӯ гуфт, дар ҳақиқат ба намози ҷумъа рафтани наврасон манъ шудааст, зеро, ба ақидаи ӯ, ин амали наврасон хилофи қонуни маориф буда, ҷараёни таълимро халалдор мекунад.
Аммо дар ҳамин ҳол Сайқалӣ Маҳмадов, раиси маҳаллаи Кайҳоннавардони шаҳри Қурғонтеппа, гуфт, аз ҷониби ҳукумат ба онҳо дастур дода шудааст, ки аз рӯзи 9 октябр ба масоҷид ягон наврасу хонандаи мактабо роҳ дода нашавад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, намояндаи шӯъбаи маорифи ноҳияи Бохтари вилоят ба баъзе аз макотиби миёна рафта, аз сарварони он талаб кардааст, ки нагузоранд шогирдонашон ба масҷид раванд.
Аз пули мухочирои Точик
Дига эксперт набуд ки Абдулло Давлатовро пурсидед? Хатто намедонад ки хукумат аз пули худаш не, бо талбидан ваксина гирифтани.
Дар Точикистон конун барои камбагаласту мансаб барои авлод ва пулдору одамдорхл.
Ошаш шавад бачаи мардак тамоми дунера ба зону шинондаст.
Мурданмо беҳ ай ҳами руза. Ҳам гиря ҳам ханда. То чи руза мо расидем. Мардикорбозори занони тоҷик. Ноу хау !!!