Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бангладеш 1 -1 Тоҷикистон (70 дақ.)


Бист дақиқа қабл аз анҷоми бозии Банладеш – Тоҷикистон ҳисоб 1-1 аст.

Тӯби аввали ин бозиро футболбози тими мизбонон Зумратул Ҳусайн Миту дар дақиқаи 51 ба нишон расонид.

Тоҷикистониён баъд аз ҳашт дақиқа ҳисобро мусовӣ карданд. Зарбаи ҷаримавии 11-метраро Нӯъмонҷон Ҳакимов вориди дарвозаи Бангладеш намуд.

Сармураббии ҳиндуи Бангладеш дар дақиқаи 62 як бозигари худро иваз намуд.

Дар диқаиқаи 65 дар ҳайъати тими Тоҷикистон низ як бозигар иваз шуд. Ба ҷои Раҳмоналӣ Баротов ба майдон Фатҳулло Фатҳуллоев баромад.

Баъд аз ҳафтод дақиқа ҳисоби тӯбҳо 1- 1 аст. Довар ба мизбонон ду корти зард нишон додааст.

XS
SM
MD
LG