Хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Суғд Шоҳини Равшан хабар дод, ки ин ҳодиса дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд дар гарданаи Шаҳристони вилояти Суғд ба вуқӯъ пайвастааст.
Гуфта мешавад, як мошини сабукрави «Нива» ба сабаби харобӣ ва душворгузарии қисмате аз роҳ аз ҷодда берун шуда, аз баландии 800 метр ба ҷарӣ сарозер рафтааст.
Мақомоти бозрасии автомобилии вилоят таъйид карданд, ки 5 нафар сарнишини ин мошин, бо шумули ронандаи он Шуҳрат Маҳмудови 30-сола, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Дар ҳамин ҳол, бар тибқи иттилоъи Идораи Бозрасии автомобилии давлатии ВКД-и кишвар (ИБАД), дар гарданаи Шаршари вилояти Хатлон бар асари як ҳодисаи дигари садамаи автомобилӣ 3 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Гуфта мешавад, ронандаи мошини сабукрави «Мерседес» Намоз Буйдоқов аз уҳдаи идораи мошин дар минтақаи ағбаи Шаршари ҷоддаи Душанбе – Кӯлоб намебарояд. Дар натиҷа мошин аз роҳ берун шуда, аз баландии 80 метр ба ҷарӣ меафтад ва бар асари ин садама 3 нафар – ронанда ва ҳамсару духтари шашсолаи онҳо – дар ҷои ҳодиса кушта мегарданд. Дар ҳамин ҳол ду писари ин хонавода бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористони марказии ноҳияи Данғара интиқол дода шуданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки, бино бар иттилоъи ИБАД, дар таййи як ҳафта дар кишвар 42 ҳодисаи садамаи автомобилӣ қайд гардидааст, ки дар онҳо 14 нафар ҳалок ва 49 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.