Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод музокира бо Амрикоро рад кард


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон, изҳор дошт, ки музокира бо Ғарб дар бораи ғанисозии урониюм маънӣ надорад. Вай гуфт, агар Амрико сиёсати худ нисбат ба Эронро тағйир надиҳад, Эрон ба музокира нахоҳад нишаст. Раисҷумҳури ҶИЭ дар як сомонаи расмии интернетии кишвараш изҳор кардааст, ки Эрон хостори музокира бо Амрико нашудааст.

Ҳафтаи гузашта Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Амрико, гуфт, агар Эрон барномаҳои ғанисозии урониюми худро муттаваққиф созад, Вошингтон бо Теҳрон музокира хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG