Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Таъсиси Иттиҳодияи гумрукии Авросиё

Сарони кишварҳои узви ҷомеаи ҳамкории Авросиё дар нишасти ахири худ дар пойтахти Тоҷикистон дар сари заминаҳои ҳуқуқии таъсиси иттиҳодияи гумрукии кишварҳои узви Авросиё ба тавофуқ даст ёфтанд.

Тибқи ин аснод Русия, Беларус ва Қазоқистон Иттиҳодияи гумрукии кишварҳои узви Авруосиёро таъсис хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ин се кишвар заминаҳои ҳуқуқии ҳамоҳангшудае дар ҷиҳати таъсиси чунин иттиҳодияеро доранд ва ба ин далел ба унвони кишварҳои муассис шинохта хоҳанд шуд. Аммо дар асноди расмии ин созмон гуфта мешавад, ки кишварҳои дигари узв танҳо баъди се соли таъсиси ин иттиҳодия метавонанд ба узвияти он пазируфта шаванд.

Ин охирин Нишасти сарони кишварҳои узви Авруосиё дар соли равон буд ва қарор шуд, ки нишасти баъдии он дар соли оянда дар шаҳри Маскав доир шавад. То он замон раёсати даврии Авросиёро Тоҷикистон бар ӯҳда гирифт.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Мирҳусейн Назриев ба пуштибонӣ аз ҳизби Зоиров даъват кард

Мирҳусейн Назриев, роҳбари ҷиноҳи ғайрирасмии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон.

Мирҳусейн Назриев, роҳбари ҷиноҳи ғайрирасмии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз ҷонибдорони ин ҳизб даъват кард, ки дар интихоботи порлумонии рӯзи 1-уми март ба номзадҳои Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон раъй диҳанд. Аз ин пеш Эътилофи Паймони миллӣ ва созмони "Гурӯҳи 24", ду созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон низ ҳимояти худро дар интихоботи порлумонб аз ҲСДТ эълон карда буданд .

Мирҳусейн Назриев, корманди Пажӯҳишгоҳи физика ва нуҷумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи 28-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сотсиалистҳои тоҷик, ки аз Ҳизби сотсиалистии ҷонибдорони Сафаралӣ Кенҷаев пуштибонӣ мекунанд, тасмим гирифтаанд дар интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе ба номзадҳои ҲСДТ овоз диҳанд.

Ҷаноби Назриев дар ин бора афзуд, ки Ҳизби сотсиал-демократ ҳоло ягона ҳизби мухолиф ё оппозитсионӣ дар Тоҷикистон аст ва метавонад ормонҳои сокинонро бароварда созад.

Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон дар шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷонибдории нафаре ё созмоне аз ҳизбашро эҳтиром мекунад, вале ин амр ихтиёрӣ аст. Вай бо сипос аз тасмими ҷонибдорони Мирҳусейн Назриев гуфт, ки атрофи ин мавзӯъ бо роҳбари ҷиноҳи сотсиалистҳои тоҷик ҳеҷ сӯҳбате ё дидоре анҷом надодааст.

Раҳматилло Зойиров афзуд, "мо ба тасмими ҳар нафар ё созмоне эҳтиром мегузорем ва тибқи қонунгузории Тоҷикистон ин фикри ҳар шахс ё созмоне мебошад. Ӯ бо ишора ба пуштбонии Паймони миллии Тоҷикистон ва "Гурӯҳи 24" аз ҳизбаш дар интихобот гуфт, ки ба тасмими ин гурӯҳҳо арҷ мегузорад.

"Додгоҳи олии Тоҷикистон ин созмонҳоро террористӣ ва ифротгаро донистааст, на аъзояшро. Онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон боқӣ монда, ҳатто дар хориҷ аз Тоҷикистон таҳти ҳимояти давлати Тоҷикистон қарор доранд",-афзуд Зоиров.

Дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди соҳибназарон Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар чанд соли ахир ба нерӯи бузурги равшанфикрони кишвар табдил шудааст. Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик бар ин назар аст, ки тасмими ҷиноҳи ғайрирасмии сотсиалистҳои тоҷик ва созмонҳои мухолифони тоҷик дар хориҷи кишвар далели ин назар мебошад.

Ба гуфтаи Қодиров, "эҳсос мешавад, ки нерӯҳои сиёсии тоҷик ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз Тоҷикистон дар симои ҲСДТ ҳизберо мебинанд, ки ба сурати расмӣ фаъолият дошта, метавонад манфиатҳои ин гурӯҳҳоро бароварда созад. Ин ҷо бояд як нуктаро таъкид кунам, ки даъвати Мирҳусейн Назриев ду рӯз қабл аз баргузории интихобот садо дод ва фикр намекунам, ки ба натиҷаҳои овоздиҳӣ тавонад таъсири ҷиддӣ бирасонад".

Дар ҳамин ҳол Раҳматилло Зойиров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сотсиал демократҳои тоҷик омода ҳастанд бо дарназардошти таҷрибаҳои гузашта вазифаи миёнарав дар муносибатҳои миёни мақомот ва созмонҳои мамнӯъ дар хориҷи Тоҷикистонро бар ӯҳда бигиранд. Ба гуфтаи ҷаноби Зойиров, "ин қарзи шаҳрвандии ҳар як сокин, бахусус, сиёсатмадорони тоҷик мебошад".

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон солҳои 90-уми қарни гузашта дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон аз сӯйи Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва бунёдгузори Фронти халқӣ таъсис шуда буд. Бунёдгузори Ҳизби сотсиалистӣ дар як ҳамлаи террористӣ соли 1998 кушта шуд. Баъд аз қатли Сафаралӣ Кенҷаев Ҳизби сотсиалистӣ дар оғози солҳои 2000-ум ба ду ҷиноҳ тақсим шуд ва дар ниҳоят мақомот ҷиноҳи Абдуҳалим Ғаффоровро ба расмият шинохтанд.

Мирҳусейн Назриев аз ин тасмими мақомот ба додгоҳҳо ва СММ шикоят бурд, аммо талошҳояш барои шинохти расмии ҷиноҳи Ҳизби сотсиалистӣ ба роҳбарии вай бенатиҷа анҷом ёфтанд. Мирҳусейн Назриев ва ҷиноҳи Ҳизби сотсиалистӣ ба роҳбариаш пайваста аз бархе аз тасмимҳои мақомот, аз ҷумла, тағйирот дар қонунгузории интихоботӣ ва додани қитъаи замини мавриди баҳс ба Чин шадидан интиқод мекарданд.

Намози ҷумъаи Теҳрон доир нашуд, ноиб-президент ба вируси корона гирифтор шуд

Маъсума Ибтикор, муовини президенти Эрон.

Дар пайи авҷ гирифтани вируси корона дар Теҳрон баргузории намози ҷумъаро манъ карданд. Дар Эрон бештар аз 100 каси дигар ба ин вирус гирифтор шудааст.

Миёни гирифторон Маъсума Ибтикор, ноиб-президенти кишвар дар умури занон низ ҳаст. Хонум Ибтикор дувумин мансабдори баландпояи Эрон аст, ки ба вируси нав мубтало мешавад. Рӯзи 25 феврал ноиб-вазири тандурустии Эрон Эраҷ Ҳарирчӣ аз гирифториаш ба вируси корона хабар дода буд.

Ҳамакнун ҳамаи зердастони Маъсума Ибтикор вазифадор шудаанд, ки аз ташхис гузаранд. Мақомоти тандурустии Эрон гуфтанд, дар як рӯзи охир шумори фавтидагон аз 7 ба 26 тан расидааст. Ин болотарин омори маргу мир аз вируси нав дар хориҷ аз Чин аст.

Дар маҷмуъ дар Эрон 245 кас ба вируси нав мубтало шудааст, ки аз ин шумор танҳо 106 кас дар як рӯзи охир сабт шуд. Мақомоти тандурустии Эрон гуфтанд, бештари ҳолатҳои нави гирифторӣ дар озмоишгоҳе рух додааст, ки вируси корона онҷо озмоиш мешавад.

Шумори умумии гирифторон дар 40 кишвари дунё ба бештар аз 80 ҳазор кас мерасад. Аз ин вирус дар саросари дунё бештар аз 2700 кас вафот кард, ки бештари ҳолатҳои фавт дар Чин сабт шудааст. Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопону Эрон аз кишварҳои дигаре ҳастанд, ки дар пайи густариши вируси нав талафоти ҷонӣ доданд.

Як қирғизистонӣ дар киштии Diamond Princess ба коронавирус мубтало шуд

Киштии ҷопонии Diamond Princess.

Як шаҳрванди Қирғизистон дар киштии Diamond Princess дар обҳои соҳили Ҷопон ба вируси корона мубтало шуд. Дар ин бора Нурлан Абдраҳмонов, муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, шаҳрванди Қирғизистон айни ҳол дар яке аз бемористонҳои Ҷопон табобат мешавад ва вазъаш муътадил аст. Абдраҳмонов афзуд, намояндагони сафорати Қирғизистон дар Ҷопон бо шаҳрвандони кишвар робитаи доимӣ доранд.

Киштии Diamond Princess аз шаҳри Йокогами Ҷапон рӯзи 20-уми январ ба сафари дуҳафтаина баромад. Дар Ҳонконг яке аз мусофирон ба соҳил баромад ва дар ҷисми ӯ вируси корона мушоҳида шуд. 3 феврал кишти ба бандари Йокогами баргашт. Мақомоти Ҷопон 2 ҳазору 666 мусофир ва 1 ҳазору 45 маллоҳи киштиро ба карантин гирифтанд. Дар ин киштӣ дар маҷмуъ бештар аз 690 ҳолати гирифторӣ ба вирус сабт шуд. Се мусофири он вафот кард ва карантин 19 феврал бекор шуд.

НАТО ҳамла ба сарбозони Туркия дар Сурияро маҳкум кард

дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг

Туркия гуфт, ки баъди марги ҳадди ақал 33 низомии турк дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии неруҳои сурӣ дар вилояти Идлиби Сурия ба артиши ин кишвар ҳамлаи ҷавобӣ додааст.

НАТО Димишқу Москваро барои бомбборони "ғайриинтихобӣ" дар минтақа маҳкум кард. "Нуқтаҳои барои мо маълуми режими Сурия то ин замон мавриди ҳамлаҳои ҳавоиву заминӣ қарор гирифтанд ва дар оянда ҳам қарор хоҳанд гирифт",-гуфт Фахриддин Алтун, як намояндаи ҳуқумати Туркия шоми 27-уми феврал.

"Мо қатъиян аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунем, ки уҳдадориҳояшонро иҷро намоянд" ва дар манъсозии "ҷиноятҳои зиддибашарӣ"-и ҳукумати Сурия кӯмак расонанд, гуфт Алтун.

Расонаҳои Туркия менависанд, Мавлуд Човушоғлу, вазири корҳои хориҷии Туркия баъди ҳамлаҳо бо дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст.

Дар ин гуфтугӯ Столтенберг "ҳамлаҳои ғайриинтихобии режими Сурия ва пуштибони вай - Русия"-ро дар вилояти Идлиб маҳкум ва аз онҳо даъват кардааст, ки ҳамлаҳояшонро қатъ, ҳуқуқи байналхалқиро риоя ва аз талошҳои НАТО барои расидан ба сулҳ ҳимоят кунанд.

Ҳамзамон Столтенберг "аз ҷонибҳо ба таври қатъӣ даъват кардааст, ки вазъи минтақаро аз ин бештар шиддат надиҳанд ва аз бадтаршавии вазъи башарӣ дар минтақа пешгирӣ кунанд".

Сафири ИМА дар НАТО Кейт Бейлӣ Хатчисон гуфт, ҷониби Туркия ҳамакнун бояд фаромӯш насозад, "ки шарики боэътимодаш аст ва кӣ шарикаш нест".

"Ман умедворам, президент Эрдуғон мебинад, ки мо шарикашон ҳастем, шарики гузашта ва оянда ва онҳо бояд аз мушакҳои С-400 даст кашанд. Онҳо мебинанд, ки Русия чи кишваре аст. Онҳо ҳамакнун мебинанд, ки Русия чи кор мекунад. Агар онҳо ба сарбозони Туркия ҳамла кунанд, пас ин ҳолат бояд равобити Туркияву Русияро дигаргун созад",-гуфт сафир Хатчисон.

Фаъолони қазоқ шарҳи марги Дулат Оғодилро талаб доранд

Ҷанозаи Дулат Оғодил, 27 феврал, 2020.

Фаъолони мадании қазоқ ва ғарбӣ аз мақомоти Қазоқистон талаб доранд, осори шиканҷаи эҳтимолӣ дар бадани фаъоли маданиеро шарҳ диҳанд, ки дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Нурсултон ҷон бохт.

Ҳомии ҳуқуқ аз Алмато Бахитҷон Торегожин, раҳбари созмони ғайридавлатии "Ар.Рух.Хак" мегӯяд, маводи нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки Дулат Оғодил кушта шудааст.

Мушовири калони Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ Ивар Дейл гуфт, эҳтимол фаъоли мадании қазоқ баъди боздошт то дами марг латтукӯб шудааст. Ин ҳомии ҳуқуқ дар паёми худ тавассути Твиттер аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев хостааст, қазияро шарҳ диҳад.

Президенти Қазоқистон то ба ҳол дар бораи марги фаъоли мадание, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҷон бохт, изҳори назар накардааст.

Коршиноси судӣ-тиббӣ, ки ҷасади Оғодилро ташхис кардааст, аз шарҳи қазия худдорӣ карда, гуфт, имзо гузоштааст, ки ҷузъиёти ташхисро ифшо нахоҳад кард. Ёвари калони додситони кулли Қазоқистон Дархон Дусейнбой гуфт, додситонӣ нимаи дувуми 28 феврал қазияро шарҳ хоҳад дод.

Пулиси шаҳри Нурсултон 25 феврал хабар дод, ки Дулат Оғодил дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз дарди қалб вафот кард. "Марги фаъоли ҷамъиятиро гуруҳи ёрии таъҷилӣ тасдиқ кард. Сабаби эҳтимолии марги вай "дарди шадиди қалб" унвон шуд. Дар ҷисми вай захм ва ё нишонаҳои захм мушоҳида нашуд. Тафтиш шуруъ шудааст", - хабар дод пулис.

Ҳавопаймои Сеул-Тошканд ба гумони гирифтории як мусофир ба вирус аз нимароҳ баргашт

Фурудгоҳи Тошканд, 12 феврал, 2020.

Дар ду мусофире, ки аз 23 то 27 феврали соли равон ба Узбекистон сафар кардаанд, нишонаҳои эҳтимолии коронавирус ошкор шудааст. Ҳолати аввал марбут ба мусофире аз Чин аст, ки тавонистааст бидуни монеа тавассути фурудгоҳи Тошканд вориди Узбекистон шавад.

Мусофири дувум 27 феврал аз шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ба Узбекистон парвоз карда, феълан дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд нигаҳдорӣ мешавад. Дар ин бора вазири тандурустии Узбекистон Алишер Шодмонов 27 феврал дар як ҷаласа иттилоъ дод.

"Ҳавопаймо аз Сеул ба Тошканд парвоз кард. Танҳо пас аз се соати парвоз яке аз мусофирон худро нохуб ҳис мекунад ва ҳавопаймо низ маҷбур мешавад, баргардад. Дар фурудгоҳи Сеул мусофирро мошини "Ёрии таъҷилӣ" пешвоз мегирад. Вале дар бораи эҳтимоли мубтало будани яке аз мусофирон ба коронавирус танҳо пас аз фуруд омадани ҳавопаймо дар Тошканд хабар доданд. Дар натиҷа ҳамаи мусофирон ва ҳайати экипаж дар макони махсус нигаҳдорӣ ва аз ташхис гузаронида шуданд. Дар ҳоли ҳозир онҳо дар як толори фурудгоҳи Тошканд дар карантин ҳастанд. Бояд дар фурудгоҳи Тошканд барои ин гуна мусофирон макони махсус вуҷуд медошт, вале мутассифона чунин ҷой нест. Агар вазъ дар фурудгоҳи Тошканд ин тавр аст, фурудгоҳҳои дигар дар кадом ҳол бошанд?!", - изҳор дошт Шодмонов.

Як корманди соҳаи тандурустии Узбекистон, ки дар ҷаласаи мазкур иштирок дошт, мегӯяд, дар фурудгоҳҳои он кишвар ҳеч гуна шароите барои фаъолияти кормандони тиббӣ фароҳам нашудааст. Табиби узбеке, ки дар ҷаласаи 27-уми феврал ҳузур дошт, гуфт, дар он ягон хел нақша ё тасмими дақиқ барои мубориза бо коронавирус гирифта нашудааст.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео, ки миёнаҳои моҳи феврал аз Қазоқистон ва Узбекистон боздид карда буд, гуфт, дар ин ду кишвари Осиёи Марказӣ барои муқобила бо коронавирус ҳеч имкониятҳое дида намешавад.

"Зербиноии Қазоқистону Узбекистон ба ин кишварҳо имконият намедиҳад, ки бо коронавирус мубориза баранд. Бинобар ин, ИМА тасмим дорад, дар мубориза ба ин вирус на танҳо ба Чин, балки ба ду кишвари мазкур низ кумак расонад",-афзуд ӯ.

Ҷаласаи ҷамъбастии порлумон. Ҷавоби Зуҳуров ба мунтақидон

Маҷлиси Намояндагон

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳайати ҳозираи порлумон аз кори панҷсолаи худ ва ҳамкоронаш ситоиш кард. Баръакси он ки мухолифон кори ҳайати ҳозираи порлумонро чашмрас намедонанд ва онҳоро бештар барои сукут дар баробари мушкилоти мардум танқид мекунанд.

Зуҳуров рӯзи 28-уми феврал дар гузориши ниҳоии худ, гуфт, “фаъолияти Маҷлиси Намояндагон пурра касбӣ буд” ва як навъ ба танқидҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ҷавоб дод.

Ӯ гуфт: “Онҳо мегӯянд, замонҳое буд, ки зиндагӣ дар парламенти тоҷик меҷӯшид, ҳозир ҳар санади меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҳукумат ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод мегардад, бемамониат қабул мешавад. Ба назари мо, бартарии Тоҷикистон... маҳз ҳамин кори бамаслиҳати ҳукумати кишвар бо Маҷлиси Намояндагон маҳсуб мешавад.”

Мақомоти Маҷлиси Намояндагон мегӯянд, дар панҷ соли гузашта 129 ҷаласаи порлумон баргузор шуда, беш аз 800 санад, аз ҷумла тақрибан 500 қонуни нав ё иловаҳо ба қонун қабул шудааст.

Порлумони Тоҷикистон аз 63 курсӣ иборат аст. Вакилони порлумонро дар панҷ сол як бор интихоб мекунанд.

Бино ба қонуни асосии Тоҷикистон, порлумон яке аз се шохаи ҳокимият аст, вале мухолифон мегӯянд, ин ниҳод солҳои охир пойбанди ҳукумат аст ва ҳар қонуне, ки аз сӯи ҳукумат пешниҳод мешавад, бе баҳси ҷиддӣ қабул мекунанд.

Ҷовидон Бобоҷоновро барои саркашӣ аз хидмат муҳокима мекунанд

Ҷовидон Бобоҷонов. Акс аз пойгоҳи "Форум 18"

Додгоҳи ҳарбии Душанбе дар аввали моҳи марти имсол парвандаи Ҷовидон Бобоҷонови 19-соларо баррасӣ хоҳад кард, ки бинобар боварҳои диниаш хизмати ҳарбиро рад мекунад.

Бобоҷонов ба "саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ" (қисми дуи моддаи 376-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам аст ва ба ӯ аз ду то панҷ соли зиндон таҳдид дорад.

Пойгоҳи "Форум 18" рӯзи 26-уми феврал навишт, Ҷовидон Бобоҷонов пайрави созмони мазҳабии “Шоҳидони Яҳво” аст. Пайравони ин созмони насронӣ аз рӯи ақидаҳои мазҳабӣ наметавонанд либоси ҳарбӣ пӯшанд ва ба даст силоҳ гиранд. Аммо онҳо моиланд, ки ба ҷойи он хидмати ғайринизомӣ кунанд.

Дар Тоҷикистон хидмати ҳарбӣ барои ҷавонони аз 18 то 27-сола ҳатмӣ ҳаст ва ба ҳеч гурӯҳи мазҳабӣ имтиёз дода намешавад. Танҳо ба афроди маъюб, писари ягона дар оила ва омӯзгорони деҳот муваққатан барои ҷалб нашудан ба Артиш қонунгузорӣ имтиёз додааст.

Дар созмони "Шоҳидони Яҳво" рӯзи 25-уми феврал ба "Форум 18" гуфтаанд, Ҷовидон Бобоҷонов 4-уми октябри соли 2019 ба зӯр ё тариқи "облава" аз манзилаш "рабуда” ва ба як қисми ҳарбӣ дар ноҳиияи Рӯдакӣ бурда шуд. Баъдан, вақте ки ӯ ба даст гирифтани силоҳро рад кардааст, ба боздоштгоҳе дар Душанбе интиқол додаанд.

Намояндагони созмони “Шоҳидони Яҳво” мегӯянд, ӯ ҳоло аз назари рӯҳӣ ва ҷисмӣ дар ҳолати афсурдагӣ қарор дорад.

Муфаттиш Меҳрубон Иброҳимзода аз дафтари Додситонии ҳарбии Душанбе ба “Форум 18” гуфтааст, Вазорати дифоъ ба Ҷовидон Бобоҷонов пешниҳод кард, то дар баталйони махсус, ки дар онҷо силоҳ намегиранд ва ба корҳои сохтмонӣ машғуланд, хизмат кунад, аммо ӯ напазируфтааст.

Соли 2018 додгоҳе дар Тоҷикистон Даниил Исломов, сокини ноҳияи Фирдавсӣ ва як пайрави “Шоҳидони Яҳво”-ро бо гуноҳи саркашӣ аз пӯшидани либоси ҳарбӣ дар артиш ба ним сол ҳабс маҳкум карда буд.

Баҳси пайрави созмони "Шоҳидони Яҳво" дар ҳолест, ки фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст. Ин созмон соли 1997 дар Тоҷикистон фаъолияташро қонунӣ карда, аз равияҳои фаъоли масеҳӣ шинохта шуд. Фаъолияти ин созмони динии насронӣ соли 2007 бо як қарори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки он вақт идораи умури динро ба уҳда дошт, мамнӯъ эълон шуд ва сипас аз тарафи додгоҳ тасдиқ шуд.

Боздошти даҳҳо тан дар Нурсултон дар остонаи эътирози эҳтимолӣ

Маросими ҷанозаи Дулат Оғодил. 27 феврал, 2020.

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи 27-уми феврал пулис даҳҳо сокинро боздошт кард. Хабарнигорон ҳадди ақал боздошти 20 сокинро сабт карданд.

Сокинон, ки аз маросими дафни фаъоли маданӣ Дулат Оғодил бармегаштанд, тасмим гирифтаанд, ки дар маркази шаҳр ҷамъ шуда, талаб кунанд, барои таҳиқи марги Оғодил дар боздоштгоҳ комисияи махсус таъсис шавад. Аммо кормандони пулис сокинонро боздошт ва иҷборон ба автобусҳо шинонда, ба идораи пулис бурдаанд.

Гуфта мешавад, дар маросими дафни фаъоли маданӣ ҳудуди сад кас ширкат дошт.

Бархе аз боздоштшудаҳо лаҳзаи боздошти худро сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд.

Пулиси шаҳри Нурсултон 25-уми феврал хабар дод, ки Дулат Оғодил дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз дарди қалб вафот кард. "Марги фаъоли ҷамъиятиро гуруҳи ёрии таъҷилӣ тасдиқ кард. Сабаби эҳтимолии марги вай "дарди шадиди қалб" унвон шуд. Дар ҷисми вай захм ва ё нишонаҳои захм мушоҳида нашуд. Тафтиш шуруъ шудааст",-хабар дод пулис.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори боздошти Оғодил нашр шуд, ки нишон медиҳад, афроде дар либоси мулкӣ ӯро боздошт карда, нисбаташ аз нерӯи ҷисмонӣ кор мегиранд. Сардори департаменти амнияти дохилии Вазорати умури дохилии Қазоқистон Арман Саданов гуфт, амали кормандони пулис санҷида хоҳад шуд.

Пулиси Ишқобод занеро барои пӯшидани ниқоби тиббӣ ҷарима кард

Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.

Пулиси шаҳри Ишқободи Туркманистон рӯзи 24 феврал занеро барои пӯшидани ниқоби тиббӣ боздошт кард.

Ба навиштаи расонаҳо, зан вақте боздошт шуд, ки шом аз коргоҳ ба манзилаш бармегашт. Пулис ибтидо ҷойи зисти ӯро хост муайян кунад, аммо баъдан аз ӯ пурсиданд, ки чаро ниқоб мепӯшад.

"Ту ба чораандешии ҳукумат зидди вирус бовар надорӣ? Мову роҳбарияти кишвар ниқоб надорем, чаро ту дорӣ?",-пурсиданд аз вай кормандони пулис. Ба он зан гуфтаанд, ки пӯшидани ниқоб тарсу ваҳмро ба бор меорад.

Зани боздоштшуда посух додааст, ки танҳо тавсияи табибонро иҷро мекунад. Кормандони пулис ӯро ба идора бурда, бештар аз 70 доллар ҷарима ва шиносномаи ӯро нигаҳ дошта, гуфтаанд, ки баъди пардохти ҷарима бармегардонанд.

Субҳи рӯзи дигар зан ҷаримаро пардохт ва шиносномаашро баргардонидааст.

Қирғизистон гуфт, имкони баргардонидани шаҳрвандонашро аз Сурия надорад

Паноҳгоҳи беҷошудагон дар Сурия.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон бо нашри як изҳорот гуфт, ташаннуҷи авзоъ дар Сурия дар ҳоли ҳозир имкон намедиҳад, ки дар робита ба баргардонидани шаҳрвандони ин кишвар амалиёте анҷом дода шавад.

Аммо ин ниҳод афзудааст, ки "масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Қирғизистон ва кӯдакони ноболиғи онҳо, ки дар минтақаҳои зери идораи гуруҳҳои террористӣ ва амалиётҳои низомӣ дар Сурия қарор доранд, таҳти назорати доимии ҳукумат аст".

Ба иттилои расмӣ, дар солҳои 2013 ва 2014 ҳудуди 800 қирғизистонӣ ба гуруҳҳои тундрав дар Сурия пайвастаанд, ки тақрибан 150 тани онҳоро занҳо ташкил медиҳанд. Ҳудуди 200 нафари онҳо аллакай кушта шудаанд.

Пештар хабар дода шуд, дар урдугоҳҳои воқеъ дар минтақаҳои даргири Ироқ 78 кӯдаки қирғизе қарор доранд, ки модаронашон дар зиндонанд.

Як оҷонси шуғл дар Тошканд баста шуд. Корҷӯён ваъдаи шуғл дар Ҷопонро гирифта буданд

Акс аз бойгонӣ.

Иҷозатномаи кори оҷонси шуғли "Консорт хусусий бандлик агентлигӣ" дар Узбекистон муваққатан бекор карда шуд. Дар ин бора вазорати меҳнати Узбекистон хабар медиҳад.

Тасмими бекор кардани фаъолияти оҷонси мазкур баъди шикоятҳои бешумори сокинон гирифта шуд.

Дар ҳоли ҳозир иҷозатномаи фаъолияти оҷонс барои 10 рӯз бекор шудааст. Дар ин муддат ширкат бояд шикояти сокинонро қонеъ кунад.

Мақомоти Узбекистон ширкатро вазифадор кардаанд, ки ҳамаи муштариҳояшро давоми 10 рӯз ба хориҷ ба кор фиристад ё маблағи пардохтаашонро баргардонад.

Муштариҳо гуфтанд, ширкати мазкур бо ваъдаи кор дар Ҷопон аз онҳо 2000 долларӣ гирифта, аммо аз моҳи декабри соли 2019 то кунун на ба хориҷ фиристода шудаанд ва на маблағи пардохтаашонро баргардонидаанд.

Дар Узбекистон шумори оҷонсҳои шуғле, ки ба додгоҳ кашида мешаванд, дар моҳҳои ахир меафзояд.

Пештар аз ин сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов гуфта буд, ки ба ҳукумат пешниҳод мекунад, тамоми оҷонсҳои мустақили шуғл дар кишвараш баста шаванд.

26 мурда, 245 гирифтор ва лағви намози ҷумъа. Коронавирус дар Эрон

Эрон

Расонаҳои давлатии Эрон гузориш доданд, ки шумораи мурдагон аз коронавирус дар кишвар аз се то ба 26 нафар расидааст. Аз рӯи нақшае, ки хабаргузории IRNA рӯзи 27-уми феврал нашр кард, то кунун олуда шудани 245 нафар ба ин беморӣ тасдиқ шуда ва он аз 20 вилоят ба 31 вилояти кишвар паҳн шудааст. Мақомоти Эрон гуфтанд, ки намози ҷумъаи 28-уми феврал дар Теҳрон бекор шудааст.

Шумораи аз ҳамаи бештари гирифторон ба ин вирус бо 63 ҳолати тасдиқшуда, дар минтақаи марказии Эрон, шаҳри Қум, мебошад.

Қум маркази маҳбуб ва омӯхтании мазҳаби шиа аз саросари Эрон ва кишварҳои дигар аст.

Эрон ба ҷойи доғи гирифторони вирус дар Шарқи Наздик табдил шудааст ва бисёр ҳолатҳое, ки дар кишварҳои ҳамсоя ба монанди Ироқ, Уммон, Кувайт ва Баҳрайн пайдо шуданд, аз сайёҳоне буданд, ки барои боздидҳои мазҳабӣ ба Ҷумҳурии Исломӣ рафта буданд.

Арабистони Саудӣ бо омӯхтани дарсҳо аз он чизҳое, ки дар Эрон мегузарад, рӯзи 27-уми феврал додани раводидро барои ҳаҷҷи умра ба зиёратгоҳҳои муқаддаси исломӣ нигоҳ дошт.

Трамп: Коронавирус барои Амрико ҳанӯз хатари зиёд надорад

Доналд Трамп

Доналд Трамп, президенти ИМА шоми чаҳоршанбе дар як нишасти хабарии вижа гуфт, ки вируси корона дар ҳоли ҳозир барои Амрико хатари зиёд надорад.

Вай илова кард, ки Майк Пенс, ноиб-президент талошҳои мақомоти Амрикоро дар амри мубориза бо ин вирус роҳбарӣ мекунад.​

"Мо омодаи тағйирёбии вазъ ҳастем: чи хуруҷи фарогир бошад чи на. Бо таваҷҷуҳ ба талошҳое, ки мо рӯи даст гирифтем, хатари ин вирус барои амрикоиҳо дар сатҳи пойин боқӣ мондааст... Мо бо назардошти вазъ амал мекунем ва дар сурати авҷ гирифтани вирус ҳамаи чораҳои заруриро хоҳем андешид", - гуфт Трамп. Вай ҳамзамон изҳори умедворӣ кард, ки олимон доруи зидди вирусро пайдо хоҳанд кард.

Дар ин нишасти хабарӣ Энн Шучат, як намояндаи мақомоти тандурстии ИМА гуфт, шумори гирифторон ба вируси нав дар Амрико рӯ ба афзоиш аст.

То ин замон 57 сокин дар ИМА ба вируси нав мубтало шудааст. Аз ин шумор 42 тан амрикоиҳое ҳастанд, ки аз киштии мусофирбар берун оварда шуданд. Киштие, ки дар Ҷопон ба карантин гирифта шуда буд. Сарфи назар аз ин ҳолат, баъзе аз шаҳрҳои бузурги ИМА ба густариш ёфтани вирус омода мешаванд.

Трамп ба маҳзи баргаштан аз сафари Ҳинд рӯзи чаҳоршанбе расонаҳо ва демократҳоро дар бузург нишон додани хатари вирус айбдор кард. Демократҳо дар навбати худ Трампро дар кам кардани буҷаи Маркази назорат ва огоҳисозии бемориҳо айбдор карданд. Демократҳо мегӯянд, 2,5 миллиард долларе, ки Трамп барои муқобила бо вирус дархост кардааст, кофӣ нест. Намояндагони порлумони Амрико пешниҳод доранд, ки буҷаи мубориза зидди вируси нав ду баробар бештар карда шавад.

Даъватҳо ба истеъфои Назарбоев баъди марги Дулат Агадил

Тазоҳурот бо талаби истеъфои президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар Қазоқистон

Ҳудуди 80 сокини Қазоқистон ба хотири гиромидошти ёдбуди фаъоли маданӣ Дулат Агадил, ки дар боздоштгоҳи пулиси шаҳри Нурсултон ҷон бохт, назди ёдгории Истиқлол дар майдони Ҷумҳурии шаҳри Алмато ҷамъ шуданд.

Дар дасти бештари ҷамъшудаҳо акси Агадил буда, онҳо дар марги ӯ мақомоти Қазоқистонро айбдор карданд.

Ба гуфтаи эътирозгарон, фаъоли мадании қазоқро "нобуд" кардаанд. Сокинони Алмато пас аз дуо дар ҳаққи Агадил муҷозоти онҳоеро талаб карданд, ки сабабгори марги фаъоли маданӣ шудаанд.

Пас аз марги Дулат Агадили 43-сола дар идораи пулис, ки мақомот мегӯянд, бар асари бемории дил вафот кард, даъватҳо ба истеъфои президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз мақоми раисии якумрии Шӯрои амнияти миллии ин кишвар бештар шудаанд.

Ҷонибдорон ва дӯстони фаъоли маданӣ мегӯянд, ба фарзияи расмии марги Агадил бовар надоранд. Ба назари онҳо, эҳтимол дорад, Агадил ба қатл расонида шуда бошад.

Пулиси шаҳри Нурсултон 25 феврал хабар дод, ки Дулат Агадил дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз дарди қалб вафот кард. "Марги фаъоли ҷамъиятиро гуруҳи ёрии таъҷилӣ тасдиқ кард. Сабаби эҳтимолии марги вай "дарди шадиди қалб" унвон шуд. Дар ҷисми вай захм ва ё нишонаҳои захм мушоҳида нашуд. Тафтиш шуруъ шудааст", - хабар дод пулис.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори боздошти Агадил нашр шуд, ки нишон медиҳад, афроде дар либоси мулкӣ ӯро боздошт карда, нисбаташ аз нерӯи ҷисмонӣ кор мегиранд. Сардори департаменти амнияти дохилии Вазорати умури дохилии Қазоқистон Арман Саданов гуфт, амали кормандони пулис санҷида хоҳад шуд.

Нигарониҳо аз эҳтимоли истирдод шудани Ҳизбулло аз Австрия ба Душанбе

Ҳизбулло Шовализода

Намояндагони мухолифини тоҷик дар берун аз кишвар мегӯянд, Австрия (Утриш) тасмим гирифтааст, ки паноҳҷӯи тоҷик Ҳизбулло Шовализодаи 29-соларо ба Душанбе фиристад. Вай аз 22-юми январ боз дар боздоштгоҳ аст.

Мухолифон аз додани ин паноҳҷӯ ба Тоҷикистон дар ташвишанд ва мегӯянд, дар он ҷо ба ӯ шиканҷа ва бадрафторӣ хоҳанд кард. Онҳо аз мақомоти Австрия хостаанд, тасмими худро бознигарӣ кунанд.

Вайсиддин Одинаев, фаъоли сиёсии тоҷик дар хориҷ, рӯзи 27-уми феврал гуфт, Шовализода баҳори соли гузашта барои дарёфти паноҳандагӣ ба Австрия омадааст ва расман узви ягон ҳизбу созмон нест. “Вале, ба гуфтаи худаш, тарафдори ақидаҳои Паймони миллии Тоҷикистон будааст”, -- афзуд Одинаев.

Интизор меравад, Ҳизбулло Шовализодаро рӯзи 4-уми март аз Австрия ба Душанбе фиристанд.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, намояндаи Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи созмонҳои мухолифон дар берун аз кишвар, дар "Твиттер" аз он нигаронӣ кардааст, ки аллакай билети Ҳизбуллоро харидаанд.

Вайсиддин Одинаев мегӯяд, як сабаби дастгир шудани Ҳизбулло Шовализода рад шудани дархости паноҳандагияш дар Австрия мебошад. Аз тарафи дигар, ба гуфтаи ӯ, мақомоти Тоҷикистон ӯро таҳти ҷустуҷӯ гузоштаанд ва ба ифротгароӣ муттаҳам кардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора расман чизе нагуфтаанд.

Моҳи сентябри соли 2019 мақомоти Лаҳистон (Полша) паноҳҷӯи тоҷик Мустафо Ҳаётовро ба кишвар фиристоданд.

Ҳаётов узви фаъоли "Гурӯҳи 24" буд ва пас аз баргаштан дар видеое, ки маълум нест дар чӣ шароит забт шудааст, гуфт, вазъаш хуб мебошад

Пас аз соли 2015 мақомоти Тоҷикитон номи даҳҳо узви ҳизбу созмонҳои сиёсиро, ки фаъолияташон дар кишвар манъ шудааст, ба рӯйхати касони ҷустуҷӯшаванда дароварданд.

Созмонҳои пуштибони ҳуқуқи башар мегӯянд, “ҳукумати Тоҷикистон чун ҳамешагӣ мухолифони худро дар берун аз марзҳо бо истифода аз гуноҳҳои ангезаҳои сиёсӣ дошта, таҳдид ва дастгир мекунад”.

Сӯхтор дар маҷмааи "Шарқи Озод"

Акс аз сафҳаи "Фейсбук"-и рӯзноманигори тоҷик Абдураҳмон Раҳмонов гирифта шудааст.

Субҳи панҷшанбеи 27-уми феврал дар бинои маҷмааи "Шарқи Озод" маъруф ба ГЖК, сӯхтор сар зад. Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, сӯхтор соатҳои тақрибан 10:30 дар ошёнаи 11-уми ин бино сар задааст. Дар ин ошёна утоқҳои кории нашрияҳои "Тоҷикистон" ва "Оила", ҷойгир ҳастанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, сӯхтор аз асбоби гармидаҳанда сар задааст. Гуфта мешавад, ки дар ин сӯхтор ҳеҷ кас осеб надидааст. Барои хомуш кардани аланга дар ин бино беш аз 10 мошини сӯхторхомушкунӣ сафарбар шудаанд. Мақомот то кунун ба таври расмӣ ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Бинои "Шарқи Озод" дар шафати кӯчаи Саъди Шерозии пойтахт воқеъ буда, коргоҳи аксари расонаҳои Тоҷикистон дар он ҷой гирифтаанд. Ин маҷмаа соҳиби чопхона низ ҳаст. "Шарқи Озод" муассисаи давлатӣ буда, тобеи Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷкистон мебошад.

Суқути ҳавопаймои Ан-2 дар Қазоқистон: халабон бистарӣ шуд

Ҳавопаймои Ан-2. Акс аз бойгонӣ.

Ҳавопаймои Ан-2 нимарӯзии 26-уми феврал дар вилояти Қазоқистони Шарқии ҷумҳурии Қазоқистон суқут кард. Ба иттилои кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар, ҳавопаймо панҷ сарнишин дошт.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки халабони ҳавопаймо бистарӣ ва чаҳор сарнишин баъди муоинаи табибон рухсат ёфтаанд.

Ба иттилои мақомот, ҳавопаймои Ан-2 барои иҷрои дастури тиббӣ аз маркзи вилояти Қазоқистони Шарқӣ ба минтақаи Аксуат парвоз мекард.

Соати 12:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ халабон аз сар задани мушкил дар муҳаррики ҳавопаймо хабар дод. Ҳавопаймо дар фосилаи 1,5 км аз фурудгоҳ ба замин нишаст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон мегӯяд, муҳаррики ҳавопаймо оташ гирифтааст.

Қирғизистон барои таҳияи шиносномаҳои биометрӣ боз озмун эълом кард

Хадамоти қайди давлатии Қирғизистон барои таҳия ва воридоти бланкаи шиносномаҳои электронии шаҳрвандони ин кишвар озмун эълом кард.

Ин ниҳод тасмим дорад, барои таҳияи шиносномаҳо 973 миллиону 123,5 ҳазор сом ҷудо кунад. Дархостҳо барои иштирок дар озмун то 19-уми марти соли равон қабул карда мешаванд. Пештар дар Хадамоти қайди давлатии Қирғизистон гуфта буданд, ки то соли 2021 шаҳрвандонро бо шиносномаҳои биометрӣ таъмин мекунанд.

Дар Қирғизистон қарор буд, сар аз соли 2019 нашри шиносномаи умумишаҳрвандии электронӣ шуруъ шавад. Дар соли 2018 мақомоти Қирғизистон озмуни хариди бланка ё варақаҳои шиносномаҳои навро эълом карданд. Панҷ ширкати хориҷӣ дар ин озмун иштирок карданд ва ширкати литвонии "Гарсу Пасаулис" пирӯз эълом шуда буд. Аммо ширкати олмонии Muhlbauer ID Services ва фаронсавии IDEMIA France гуфтанд, ки "дар ҷараёни озмун тақаллуб сурат гирифтааст". Ин ширкатҳо бекорсозии натиҷаи озмунро талаб карданд.

Моҳи феврали соли 2019 аз рӯи тақаллубкорӣ парвандаи ҷиноӣ боз ва намояндагони Хадамоти сабти номи давлатии Қирғизистон дар фасодкорӣ айбдор шуданд. Талант Абдуллоев, як масъули Хадамоти сабти номи давлатии Қирғизистон дар навори видеоие эътироф кард, ки аз манфиатҳои ширкати литвонӣ ҳимоят кардааст ва ширкат ба вай 20 ҳазор доллар пора додааст.

Боздошти гуруҳи ҷиноӣ дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон

Марзи Қазоқистон ва Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Кормандони департаментҳои пулис ва амнияти миллии вилояти Туркистони Қазоқистон гуруҳи ҷиноиеро бо номи "Сариагашские" боздошт карданд.

Ба иттилои Polisia.kz, аъзои гуруҳ дар гузаргоҳи марзии "Капланбек"-и Қазоқистон бо Узбекистон тамаъҷӯӣ мекардаанд. Онҳо тайи муддати тӯлонӣ аз ронандаҳои мошинҳои боркаши кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои гузаштан аз сарҳад 15000 то 50000-тангаӣ (ҳудуди аз 40 то 133-долларӣ) талаб мекардаанд.

Агар ронандаҳо пул надиҳанд, онҳоро таҳдиду латтукӯб карда, шишаи мошинҳоро мешикастаанд. Ҷамъан 13 кас боздошт шуда, ҳамаашон сокини вилояти Туркистонанд.

Гумонбарон ба ҳабс гирифта шуда, алайҳи онҳо бо банди "Тамаъҷӯӣ" парванда боз шудааст.

Украина "Рӯзи муқобила бо ишғоли Қрим"-ро таъсис дод

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина.

Президенти Украина Владимир Зеленский фармони таъйини "Рӯзи муқобила бо ишғол шудани Қрим аз сӯи Русия"-ро имзо кард. Ин рӯз ҳамасола 26-уми феврал таҷлил мешавад.

Маҳз соли 2014 дар ҳамин рӯз дар Симферопол тазоҳуроти тоторҳои Қрим зидди ишғоли нимҷазира баргузор шуда буд. Алайҳи онҳо ҷонибдорони пайвастани Қрим ба ҳайати Русия бархостанд, ки дар натиҷаи задухӯрд ду нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шуданд. Як рӯз пас порлумон раъйпурсии пайвастани Қрим ба Русияро таъйин кард.

Намояндаи Кремл Дмитрий Песков гуфт, "фармони Зеленский вазъияти воқеии умур ва далелҳоеро инъикос намекунад, ки сокинони Қрим бар асоси онҳо тасмими пайвастан ба Русияро гирифтанд".

Зеленский 26-уми феврал ҳангоми суханронӣ дар анҷумани ​"Age of Crimea" дар Киев гуфт, масъалаи Қрим ҳаргиз аз рӯзномаи мулоқотҳо бардошта намешавад ва ин мавзуъ дар ивази "сулҳ дар Донбасс" низ фаромӯш нахоҳад шуд.

Русия соли 2014 бар асоси натиҷаи раъйпурсӣ Қримро ишғол кард. Нимҷазира бар хилофи қонунгузории Украина ва баъди ғасб шудан аз сӯи низомиёни рус ба ҳайати Русия пайваст. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ба хотири ғасби Қрим зидди Русия таҳримҳои иқтисодӣ эълом карданд. Москва ишғоли нимҷазираро рад карда, мегӯяд, "адолати таърихӣ барқарор шудааст".

Аз соҳибони қаиқҳо ва катҳо дар Тошканд андоз меситонанд

Яке аз паркҳои шаҳри Тошканд.

Ҳукумати Узбекистон сар аз 1-уми майи соли ҷорӣ аз соҳибони катҳо ва қаиқҳои ноҳияи Бустонлиқи вилояти Тошканди Узбекистон андоз меситонад. Ин андозситонӣ озмоишӣ буда, як сол давом мекунад.

Дар ин бора аз маркази матбуотии Кумитаи андози Узбекистон хабар доданд.

Бар асоси қарори ҳукумати он кишвар аз 20-уми феврал, нақлиёти обӣ, дучархаҳои обӣ, васоили лижаронӣ, парапланҳо, делтапланҳо, инчунин катҳо ва дигар минтақаҳои фароғатии ноҳияи Бустонлиқ манбаи андозбандӣ ба ҳисоб мераванд.

Гуфта мешавад, дар ояндаи наздик нозирони андоз амволи манқул ва ғайриманқули минтақаи истироҳатии Бустонлиқро ба қайд хоҳанд гирифт.

Озмоиши андозситонӣ аз минтақаи истироҳатии Бустонлиқ аз 1-уми майи соли 2020 шуруъ ва то 1-уми майи соли 2021 идома мекунад.

Шумораи гирифторон ба бемории қанд дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Яке аз бемористонҳои Душанбе.

Дар Тоҷикистон шумораи занони гирифтори бемории қанд аз мардҳо бештар шудааст. Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, мизони ин беморӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш аст. Мақомот мегӯянд, агар дар соли 2018 теъдоди гирифторони ин беморӣ беш аз 44 ҳазор нафар буд, соли 2019 ба 46 ҳазору 258 нафар расидааст.

Дар ҳамин ҳол, аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки имрӯз, чаҳоршанбеи 26-уми феврал дар Душанбе бо пуштибонии Оҷонсии ҳамкории Туркия (ТИКА) як маркази муосири биабети қанд ифтитоҳ шуд. Ба гуфтаи масъулони Вазорати тандурустӣ, бемороне, ки аз ҳама минтақаҳои кишвар меоянд, дар ин марказ ба табобат фаро гирифта мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир 876 кӯдак ва навраси то 18-солаи гирифтори бемории қанд дар кишвар ба қайд гирифта шудааст. Тоҷикистон қаблан ҷиҳати коҳиш додани шумораи гирифторони диабети қанд барномаеро барои солҳои 2012 ва 2017 рӯи даст гирифта буд.

Гуфта мешавад дар Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 77 ҳазору 410 колбуди инсулин захира карда шудааст.

Дар Тоҷикистон бар асоси қонун, дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ қисман ройгон аст, аммо дар аксари ҳолатҳо мардум мегӯянд, дар асл барои ҳамаи муолиҷа, чӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва чӣ хусусӣ пул мепардозанд.

Наргис Қосимова раиси Эътилофи бонувони журналист шуд

Акс аз саҳифаи фейсбукии Наргис Қосимова гирифта шудааст

Рӯзи 26 феврал рӯзноманигори тоҷик Наргис Қосимова раиси Эътилофи бонувони журналист интихоб шуд. Ин созмон соли 2016 таъсис шуда, ба гуфтаи муассисонаш, ҳадафаш муттаҳид кардани журналистони зан ва ҳимоят аз ҳуқуқи онҳо мебошад. Дар гузашта ин созмонро журналистони тоҷик Муҳайё Нозимова ва Салимахон Ваҳҳобзода раҳбарӣ кардаанд.

Наргис Қосимоваи 43-сола журналисти бахши русии ТВ “Сафина” буда, инчунин раҳбарии созмони ҷамъияти “Даст ба даст”-ро ба ӯҳда дорад, ки як мактаби журналистони наврас мебошад. Қосимова дар як сӯҳбати мухтасари телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба ин мақом ба муддати як сол интихоб шудааст.

Эътилофи бонувони журналист мегӯяд, ки ҳадафаш ҳимоят аз манфиатҳои занони журналист, боло бурдани савияти касбии журналистону донишҷӯён ва роҳандозии фаъолиятҳои маърифатӣ мебошад. Ин созмон ҳар сол ба ҳамкасбонашон ҷоизаҳои касбӣ тақдим мекунад, ки «Ҷоиза ба номи Бӯриннисо Бердиевой барои саҳм дар рушди журналистикаи тоҷик», «Беҳтарин матлаб дар матбуоти чопӣ ва интернетӣ », «Беҳтарин матлаби радио/ТВ» ном доранд.

Вале айни замон, бархе ба ин назаранд, ки фаъолияти ин созмон зиёд бориз набуд. Қосимова дар посух ба ин интиқод гуфт: “Ба фикри ман, ҳама гуна созмон, ҳама гуна гурӯҳи ташаббускор, ки аз худ дарак додааст, ҳақи зистанро дорад, ҳақи фаъолият карданро дорад, новобаста аз он ки дар борааш чӣ мегӯянду чӣ баҳо медиҳанд. Ба фикри ман, аз ҳама муҳим ин натиҷаи кор аст. Агар дастгирӣ бошад, дастгирии молӣ ва маънавӣ бошад, пас ин муҳим аст”.

Ҳабси "Шоҳидони Яҳуво" дар Туркманистон барои саркашӣ аз сарбозӣ

Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳе дар Туркманистон яке аз пайравони ҷараёни Шоҳидони Яҳуворо ба далели саркашӣ кардан аз хизмати сарбозӣ зиндонӣ кард. Дар ин бора Ҷаррод Лопес, намояндаи расмии Шоҳидони Яҳуво дар Туркманистон хабар дод.

Лопес рӯзи 24-уми феврал гуфт, додгоҳи вилояти Дашоғуз рӯзи 17-уми феврал Веп Матяқубовро дар саркашӣ кардан аз хизмати сарбозӣ айбор дониста, ду сол зиндонӣ кард.

Ба иттилои намояндагони Шоҳидони Яҳуво, сар аз соли 2018 ба ин тараф дар Туркманистон 20 тан аз пайравони ин ҷараён бо айби саркашӣ кардан аз хизмати низомӣ, бино бар боварҳои мазҳабиашон, зиндонӣ шудаанд.

Қонунгузории Туркманистон мардони аз 18-сола то 27-соларо водор ба анҷоми хизмати сарбозӣ мекунад. Саркашӣ аз сарбозӣ ҷазои то ду соли зиндон дар пай дорад.

Ёфтҳои бештар

Довталабони Ҳаҷҷи Умра аз Тоҷикистон дар ними роҳ монданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Довталабони Ҳаҷҷи Умра аз Тоҷикистон дар ними роҳ монданд
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Тақдири интихоботро кӣ ҳал мекунад? Мардум ё каси дигар?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00
XS
SM
MD
LG