Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буш мухолифи истилоҳи "геностид"-и арманиҳост


Рӯзи ҷумъа дар ҷараёни як сӯҳбати телефонӣ бо сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон президенти ИМА Ҷорҷ Буш бори дигар ба лоиҳаи қатъномаи Конгресс, ки куштори садҳо ҳазор арманитабор дар даврони ҳукмронии туркҳои усмониро "генотсид" ё худ куштори дастаҷамъӣ меномад, мухолифат кард. Лоиҳаи санади мазкур ҳафтаи оянда дар Кумитаи Равобити Байналмилалии Маҷлиси Намояндагон: Палатаи Поёнии Конгресси ИМА мавриди баҳс қарор гирифта, назар ба тахминҳои коршиносон ба тасвиб мерасад. Арманистон мегӯяд, дар солҳои Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ туркҳо то яку ним миллион арманиро ба қатл расондаанд. Туркия мухолифи он аст, ки ин кушторҳо генотсид номида шавад.

XS
SM
MD
LG