Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф пешниҳоди Бҳутторо пазируфт


Парвиз Мушарраф фармони оштиро имзо кардааст, ки роҳро барои тақсими қудрат бо нахуствазири собиқ Беназир Бҳутто боз месозад.

Бар асоси ин фармон, тамоми сиёсатмадорони фаъол дар солҳои 1988 то соли 1999 дар Покистон авф мешаванд, ки Беназир Бҳутто дар миёни онҳо низ ҳаст ва ба фасодкорӣ муттаҳам мешавад.

Нахуствазири Покистон Шавкат Азиз гуфт, созишномаи оштии миллӣ, ки имрӯз тасвиб шуд, баъди бебандубориҳои сиёсии тулонӣ ҳамсозӣ хоҳад овард.

Пештар аз ин Додгоҳи Қонуни Асосии Покистон дархости расмии аҳзоби мухолифи давлат дар мавриди ба таъхир андохтани интихоботи раёсати ҷумҳур дар ин кишварро рад кард.

Қарор аст, интихобот фардо, 6 октябр баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG