Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунбаст дар музокироти тақсими қудрат


Беназир Бҳутто, сарвазири пешини Покистон, имрӯз гуфт, ки музокирот бо раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф дар мавриди тақсими қудрат дар кишвар ба бунбаст ворид шудааст.


Ба гуфтаи хонум Бҳутто, мақомоти Покистон по ҳанӯз иттиҳомот алайҳи ӯро лағв накардаанд. Изҳороти сарвазири пешини Покистон як рӯз баъд аз он пахш шуд, ки кобинаи вазирони Покистон барои афви Беназир Бҳутто ва қатъи парвандаи ҷиноии ӯ розӣ шуд.


Гуфта мешавад, мақомоти покистонӣ Беназир Бҳутторо дар фасоди молӣ муттаҳам мекунанд.


Дар ҳамин ҳол Парвиз Мушарраф талош дорад барои боз барои 5 соли дигар раисиҷумҳури Покистон боқӣ бимонад. Интихоби раиси ҷумҳур рӯзи 6 октябр дар парлумон ва маҷлисҳои вилоятии кишвар сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG