Ахиран гурӯҳе аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар ноҳияи Зафаробод танҳо баъд аз коршикании серӯза тавонистанд музди кори худро дарёфт кунанд. Яке аз ин донишҷӯён аз саҳрои пахтазор ба дафтари Радиои Озодӣ дар Хуҷанд дар ин робита занг зад ва бидуни зикри номаш гуфт: «Танҳо баъди онки коршиканӣ кардем, раҳбарони ҳукуматҳои маҳалливу вилоятӣ ва раҳбарияти донишгоҳ наздамон ҳозир шуда ва диданд, ки айб дар мо нест, музди дар ҳамон рӯз 27 тон пахтаи чидаамонро бо пули нақд пардохт карданд. Аммо баъзан ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки раҳбарияти хоҷагӣ маблағи хариди нонро ба донишҷӯён дер медиҳад. Масалан, дируз мо барои ғизои шом то дергоҳ нон надоштем».
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳукумат ба ҷамъоварии пахта кӯдакону ҷавонон ва занонро бо ваъдаи пардохти саривақтии дастмузди онҳо бо пули нақд ҷалб мекунад. Аммо иҷрои ин ваъда дар бештари маворид моҳҳо ба таъхир меафтад.
Гоҳе ҳам мешавад, ки бар ивази маблағ ба пахтачинҳо на пули нақд, балки лубиёву нахуд ва сабзавоти пастсифат дода мешавад. Мавридҳое низ мешавад, ки хоҷагии кишоварзӣ ба сабаби надоштани пули нақд пардохти дастмузди пахтачинҳоро ба вақти номаълум ба таъхир мегузоранд.
Як муаллим тарафи дигари қазияро равшан мекунад: «Кӯдакону мактабхонҳо ва донишҷӯёну занонро мақомот метавонанд бо ваъдаи ҳар маблағи ночиз ва бо шиорзаниҳои дурӯғин, ки ҷамъоварии пахта масъулият дар назди халқу ватан ва вазифаи ҳар фарди Тоҷикистон аст, маҷбур мекунанд».
Бар тибқи маълумоти расмӣ, дар оғози соли 2007 хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд аз сармоягузорон беш аз 80 миллион доллар вом бар дӯш доштанд. Ба гуфтаи мутахассисин, ҳарсола ба ин вом то 15 миллион долларӣ зам мегардад. Ва бадеҳист, ки дар ин ҳолатҳо қисмати умдаи даромади хоҷагиҳои кишоварзӣ аз фурӯши пахта (агар даромад дошта бошанд) барои баргардонидани қарз сарф мешавад. Дар ин сурат барои пахтачинон маблағи кофӣ боқӣ намемонад.
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи кишоварзон, баъзан худи сармоягузор пардохти маблаги нахи пахтаро бе сабаб муддатҳо ба таъхир меандозад.
Файзиев Субхон, сарвари хоҷагии пахтакорӣ аз ноҳияи Мастчоҳ: «Сармоягузори хоҷагии мо корхонаи «Кабул таҷик Текстайлз» пардохти пули маҳсулотрол то 7-8 моҳ ба таъхир меандохт. Аммо сабаби инро корхона ба мо шарҳ намедод. Аз ин рӯ бригадаи ман имсол дигар пахта кишт накард».
Ва ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи муттахассисини бахши кишоварзии вилояти Суғд, баъди фурӯши як тон нахи пахта барои як хоҷагии пахтакорӣ танҳо 100 доллар даромади соф боқӣ мемонад. Маблағи боқимондаи хоҷагии қарздорро сармоягузор барои худ нигоҳ медорад. Сармоягузор ҳамчунин барои таъмини хоҷагӣ бо тухмӣ ва сӯзишвориву дорувор боз ҳам маблағеро барои худ мегирад. Ба ҳамин сабаб дар Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд, қисмати умдаи хоҷагиҳои пахтакор қарздоранд.
Аммо он 100 доллар даромади соф аз фурӯши як тон нахи пахтаро хоҷагии кишоварзӣ бояд барои пардохти моҳонаи кишоварзон ва ҳам барои ҷамъоварии пахта масраф кунад. Ин аст мушкили аслии пахтакорон ва пахтачинҳои тоҷик.

Як шахси ба ман шинос,хам хамаги чор панч сол дар гумруки Истаравшан кор карда иморатхои дукабата ва сохиби заминхои наздихавлишии бехисоб шуд,то хол аз хисоби фуруши заминхою доллархои захиракардаащ кайфу сафо карда гаштааст,агар гуед,ки харомхури гунохи азим аст,мегуяд: ин гапи ( неудачнико) аст.
Посух ба шахрванд!Оё ту медони,ки шахри Истаравшанро ки обод кардааст,ин ободихо аз хисоби мардум ва сохибкорон бо мачбури пул ситондан шудааст! Хамин ба мардуми худамон хайрон мешавед,на ба гармо ва на ба сармо каноат мекунанд,О магар хамин АДОЛАТИ СУДИ нест,ки як каллоби хакки мардумхурро,ки махсулоти хайрияеро,ки бояд ба камбизоатон таксим мешуд,ба бозор руирост пул кардааст,чахои САЗОВОР додаанд.Боки хуллоса барореду баьд коментарий нависед.
Чои харомхур хаму зиндон аст, то ба кай мардумро горат мекунанд, 12 сол барои у кам аст , бояд якумра зиндони мекарданд, чунки дар сари вазифа буданаш одама одам хисоб намекард , охири вазифа зиндон аст, дар вакти дар вазифа будан мардуми бечораро бояд дасгири кунанд!
Ин машк барои чангидан бо мардуми худ аст. Хар як шахрванд хак дорад, дар кишвари худаш озодона сайру гашт кунад. Дигар мардуми бесилох ба буккахои силохдор гул хоханд дод. Чи кунем, ки ин фиребхурдахои бемагз хам мардуми кишвари мо хастанд. Дигар монанди варвархо ба озору куштор рох надихед, монанди белорусхо рафтор кунед. Хамин ки Путин гум шуд, дигар диктаторчахо хам аз пасаш шармандавор гум мешаванд.... Дигар ба инкилобу переворот хочат нест.... Бо эътирозхои сулхомез бояд тарзи идораи кишвар дигар шавад....
Девор нам кашидааст!