Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як сарбози Русия дар Абхозистон


Раиси ҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ дирӯз ҳангоми суханрониаш дар Маҷмаъи кулли Созмони милали муттаҳид эълом кард, ки ахиран низомиёни кишвараш як афсари русро дар минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистон куштанд. Дар ҳамин ҳол мақомоти Русия ин иддаъоро билофосила рад карданд.


Михаил Саакашвилӣ ҳамчунин гуфт, афсари рус ҳангоми даргирии маъмурони амниятии кишвараш бо ҷудоихоҳони Абхозистон дар рӯзи чаҳоршанбе кушта шудааст.


Вале Виталий Чуркин, сафири Русия дар СММ иддаъои Саакашвилиро рад намуда, гуфтааст, ки ҳангоми тамриноти нерӯҳои Русияву Абхозистон нерӯҳои низомии Гурҷистон ба онҳо ҳамла кардаанд, ки дар пайи он як сарбози рус кушта шудааст. Чуркин ҳадаф аз инро доман задан ба танишҳо миёни ҳукумати Русия ва Гурҷистон ҳисобидааст.
XS
SM
MD
LG