Дастаи «Динамо»-и Душанбе аз тими меҳмон - CSKA «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 0 бар 2 шикаст хӯрд. Дидори ду дастаи шаҳри Қӯрғонтеппа - «Тоҷиктелеком» ва «Вахш» бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 хотима ёфт.
Вале натоиҷи ин бозиҳо ба мақеъи қаблии дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот асар накард. Мисли пешин дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 36 имтиёз аз 12 бозӣ дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. Тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо 33 имтиёз аз 13 бозӣ дар зинаи дуввум мебошад. Ду дастаи шаҳри Қӯрғонтеппа - «Тоҷиктелеком» ва «Вахш», ки 24-имтиёзӣ ба даст овардаанд, бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо мувофиқан зинаҳои севвуму чаҳорумро касб кардаанд. Ҳамроҳи ин дастаҳо, инчунин, «ХИМА»-и Душанбе, ки бо 23 имтиёз аз 13 бозӣ дар ҷои панҷум қарор гирифтааст, барои медалҳои мусобиқот талош дорад.
Дар сабқати беҳтарин голзанҳои мусобиқот Аббос Абдуллоев, аз дастаи «Регар» ТадАЗ дар ҷои аввал мебошад. Вай ҳамагӣ 13 гол ба самар расондааст.
Бозиҳои даври 16-уми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар рӯзҳои 29-ум ва 30-уми сентябр баргузор мешаванд.
Федеросиюни футболи Тоҷикистон таърихи баргузории бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2007-ро муайян кард. Рӯзи 17-уми октябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаҳои «Парвоз» ва «ХИМА» барои дарёфти ин мукофоти олии футболи кишвар мубориза хоҳанд бурд.
Ҳалимов - қаҳрамони мутлақи билярди Тоҷикистон
Варзишгари 16-сола Абубакр Ҳалимов қаҳрамони мутлақи Тоҷикистон дар риштаи билярд дар соли 2007 гардид.
Вай дар сабқати ниҳоӣ бар қаҳрамони бисёркаратаи кишвар Акмал Ҳошимови 58-сола пирӯзӣ ба даст овард.
Мусобиқоти қаҳрамонии билярди Тоҷикистон бо ширкати беш аз 50 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар дар шаҳри Душанбе тӯли се рӯз идома кард.