Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тазоҳуроти роҳибон дар Мянмар


СД

Роҳибони буддоии Мянмар – Бирмаи собиқ имрӯз, 25 сентябр низ намоиши эътирозии худро идома доданд. Дар ин намоишҳо дар пойтахти ин кишвар, шаҳри Янгон ва дуввумин шаҳри бузурги Мянмар – Мандалай даҳҳо ҳазор роҳибони буддоӣ ва ҷонибдорони онҳо ширкат мекунанд.


Дирӯз, 24.09 тақрибан 100 ҳазор нафар дар тазоҳурот дар манотиқи гуногуни Мянмар ширкат доштанд.


Низомиён, ки қудрат дар Мянмарро зери даст доранд, роҳибонро ҳушдор доданд, ки ба сиёсат дахолат накунанд. Ва аммо онҳо ҳанӯз барои пароканда кардани намоиши эътирозӣ иқдом накардаанд.


Том Кейсӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи ИМА гуфт, Иёлоти Муттаҳида даъват доранд, то ҳама афроди рӯзҳои ахир барои ибрози назари худ боздоштшуда озод шаванд. Интизор меравад, ки раисҷумҳур Ҷорҷ Буш зимни суханронияш дар Маҷмаъаи Кулли СММ алайҳи ҳукумати Мянмар таҳримҳои иловагӣ эълон кунад.
XS
SM
MD
LG