Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон: рабудашудагон озод шуданд


Дар пайи як амалиёти вижаи амалиёти ҳарбии таҳти сарварии НАТО дар Афғонистон дар ғарби ин кишвар ду сарбози рабудашудаи итолиёӣ озод шуданд.


Дар ҳамин ҳол, бар тибқи иттилоъи хабаргузории итолиёии АНСА, 5 рабоянда дар ҷараёни ин амалиёт ба ҳалокат расида, 2 сарбоз маҷрӯҳ шудаанд.


Гуфта мешавад, ин ду итолиёӣ ҳамроҳ бо ронанда ва тарҷумони афғонашон ҳанӯз рӯзи шанбе баъд аз вуруд ба посгоҳи марказии пулис дар вилояти Ҳирот нопадид шуда буданд.
XS
SM
MD
LG