Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифони Мушаррафро боздошт карданд


Ба навиштаи хабаргузории Рейтер, пулис ҳамин тавр, роҳҳои ба сӯи сохтмони Додгоҳи Олиро муҳосира ва аз талоши як гурӯҳ тарафдорони эътилофи мухолифини исломӣ барои баргузории намоиши эътирозӣ ҷилавгирӣ кардааст. Рӯзи душанбе Додгоҳи Олии Покистон баррасии даъвои мухолифин алайҳи тасмими президент Парвиз Мушарраф барои ширкати дуборааш дар интихоботи раёсатҷумҳуриро аз сар гирифт.

Интихоботи саросарӣ дар Покистон ба рӯзи 6 октябр таъйин шуда ва бо вуҷуди эътирози мухолифинаш, ки мехоҳанд ба ҳукумати низомӣ дар Покистон поён дода шавад, Парвиз Мушарраф, раисҷумҳур ва ҳамзамон фармондеҳи артиши Покистон муддаии боз як давраи дигари панҷсолаи раёсатҷумҳурӣ шудааст.

Пулис тайи рӯзҳои истироҳат дар Исломобод ва дар Равалпинди бо ҳадафи пешгирӣ аз маъракаҳои эътирозӣ бар зидди давлати Парвиз Мушшараф раҳпаймоии эътилофи аҳзоби мухолиф ба раҳбарии ҳизби сарвазири пешин Навоз Шарифро пароканда кард. Сухангӯи ҳизб гуфтааст, тақрибан 125 тан аз раҳбарон ва фаъолони Лигаи Мусалмонон боздошт шудаанд. Хабаргузориҳо дар бораи дастгир шудани аз ҷумла раиси расмии ин ташаккули сиёсӣ Раҷа Зафарулҳақ ва раҳбари амалиии Лигаи Мусалмонон Махдум Ҷовиди Ҳашмӣ гузориш медиҳанд.

Ҷониби давлат ҳозир нашудааст, ки ин маълумотро таъйид ё такзиб кунад, вале Эҳсон Иқбол, сухангӯи Лигаи Мусалмонон мегӯяд, ин ҳама ҳокист, ки раҳбарони кунунии Исломобод мехоҳанд танҳо ба ном интихобот барпо кунанд.

Навоз Шариф, ки тайи солҳои навадуми асри гузашта ду давра сарвазири Покистон буд, соли 1999 тавассути як кудатои бехун ба раҳбарии генерал Парвиз Мушарраф, фармондеҳи вақти ситоди кулли артиш аз қудрат барканор ва баъдан ба ҳабси умрбод маҳкум шуд. Дар поёни соли 2000 ҳукми зиндони Навоз Шарифро ба ихроҷи ӯ аз қаламрави Покистон иваз карданд. Ва аммо дар ду ҳафтаи пеш Навоз Шариф ба хотири мубориза бо Парвиз Мушарраф дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ талош кард ба Покистон баргардад, вале ӯро дар фурудгоҳи Исломобод дастгир ва баъди чанд соат дубора ихроҷ карданд.

Қарор аст, Додгоҳи олии Покистон ҳукмаш дар мавриди баҳси интихоботи раёсатҷумҳуриро рӯзи 25.09 ва ё 26.09-и ҳамин ҳафта содир кунад. Мухолифин мехоҳанд, ки Додгоҳ то кадом андоза ба мубориза барои курсии раёсатҷумҳурӣ ҳаққ доштани афроди низомӣ (манзур – Парвиз Мушарраф) ва ҳаққи Мушарраф барои ишғоли ҳамзамони ду курсии президентӣ ва фармондеҳии артиш қазоват кунад.

Ҳизби Навоз Шариф, эътилофи аҳзоби исломӣ ва чанд ташаккули дигари хурди сиёсӣ таҳдид кардаанд, ки дар сурати тасвиби номзадии Парвиз Мушарраф намояндагони худро аз маҷлисҳои милливу маҳаллӣ фаро хоҳанд хонд.
XS
SM
MD
LG