Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи хатти нави парвози Алматӣ - Хуҷанд


NA

Шурӯъ аз хамин ҳафта мусофирони тоҷик метавонанд мустақим аз Хуҷанди Тоҷикистон ба Алматии Қазоқистон ва баръакс парвоз намоянд.


Ба гуфтаи Мурод Нуров, корманди намояндагии ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон дар Қазоқистон, тибқи тавофуқномае, ки байни намояндагии ҳавопаймоии Тоҷикистону Қазоқистон ба имзо расид, хаттисайри қаблии ҳавоии Алматӣ - Қурғонтепа ба хатти нави парвози Алмаато - Хуҷанд - Қурғонтепа табдил дода шуд ва он ҳар рӯзи чоршанбе амалӣ мегардад.


Гуфта мешавад, хидматгузори ин хатти парвоз ҳавопаймои «Ан-24» буда ва он ҳар дафъа 12 нафар мусофирро ба Хуҷанд ва 25 нафарро ба Қурғонтепа хоҳад расонид. Ҳазингаи парвоз барои ҳар як мусофир муодиди 160 доллари амрикоист.


Ин ҳам дар ҳолест, ки парвози озмоишӣ хуб гузашт ва қарор аст аз рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи оянда парвозҳо дар ин хатт расман оғоз гарданд.

Насибҷон Амонӣ, Алмаато.
XS
SM
MD
LG