Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти занони Зайнабобод бо корманди раёсатҷумҳурӣ


рҷ

Як гурӯҳ сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, ки субҳи 20 сентябр дар назди Кохи раисҷумҳури Тоҷикистон гирд омаданд, пас аз мулоқот бо намояндаи дастгоҳи президент пароканда шуданд.


Ин занҳо сокини деҳаи Зайнабобод мебошанд ва хонаҳояшон бино бар қарори мақомоти маҳаллӣ бояд тахриб бишавад. Мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ бунёди манозили ин мардумро ғайриқонунӣ хондааст, ва аммо худи занон ин даъворо беасос медонанд.


Дирӯз, ин занон дар назди бинои Додситонии кулл ҷамъ омада буданд.
XS
SM
MD
LG