Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 11 нафар дар ноҳияи Айнӣ


hs

Шаби сешанбе ба чоршанбе дар даҳ километрии маркази ноҳияи Айнӣ, шимоли пойтахти Тоҷикистон бар асари лағжиши як сахраи бузург ду мошини мусофирбар нӯҳ мусофир ҳамроҳ бо сарнишинони мошинҳо кушта шудаанд.


Равшан Бобоев, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз наздикони афроди кушташуда будааст, мегӯяд, ронандаҳо машварат мекунанд, ки мусофиронро иваз намуда аз роҳи худ баргарданд. Дар ҳамин ҳангом санги бузурге ба сари онҳо фурӯ меояд.


Ба қавли наздикони кушташудҳо, дар миёни онҳо Эшони Аслиддин, имом-хатиби масҷиди Ҷангалободи ноҳияи Ваҳдат низ будааст.


Вазорати изтирории Тоҷикистон ин ҳодисаро тасдиқ ва ё такзиб накард. Аммо як манбаъи наздик ба Бозрасонии назорати роҳҳои ҷумҳурӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир, чанд ҷасадро пайдо кардаанд ва чанд нафари дигар ҳанӯз зери сангу хок хуфтаанд.


Ду рӯз қабл дар ҷодаи Душанбе-Хуҷанд се нафари дигар аз баландӣ сарозер шуда ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG