Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парнози Азимо вориди ИМА шуд


hs

Субҳи имрӯз, 19 сентябр, хабарнигори Радиои Фардо хонум Парнози Азимо баъди ҳабси маҷозии беш аз ҳафтмоҳа дар Эрон вориди пойтахти ИМА шуд. Ӯро аҳли оилааш ва президенти Радиои Аврупои Озод - Радиои Озодӣ Ҷефрӣ Гедмин пешвоз гирифтанд.


Азимо шаҳрванди ИМА ва Эрон аст. 25 январ аснои вуруд ба Теҳрон мақомоти Ҷумҳурии исломӣ гузарномаи Азиморо мусодира карданд. Мақомоти Эрон Азиморо, ки ба аёдати модари маризаш рафта буд, бо таҳдид ба амнияти миллӣ ва паҳн намудани тарғиботи зидди давлатӣ муттаҳам намуданд.


Раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Ҷефрӣ Гедмин дар ин бора мегӯяд, ҳашт моҳи тӯлонӣ ҳамкорони Азимо дар радио мунтазири он рӯз буданд, ки Парноз аз нав фарди озод шавад. Мо хушҳолем, ки билохира ӯ бо аҳли оилаашу ҳамкоронаш мепайвандад. Ҳамчунин ӯ имкон хоҳад дошт, ки барои аввалин бор набераи навзодашро бубинад.


Гедмин афзуд, аз айбномаи Азимо, ки то ҳол лағв нашудааст, нигаронӣ дорад.
XS
SM
MD
LG